Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҷлил мегардад

Январь 10, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 10.01.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 10 январ Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҷлил мешавад.

Ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия дар мамлакат, ба монанди муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ аз иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Бо мақсади вусъат бахшидани низоми мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, бартараф намудани такроркунии функсияву ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти назоратӣ бо иқдоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақомоти махсусгардонидашуда таъсис дода шуд, ки вазифаҳои асосии он  аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.

Таърихи таъсис ва ташаккули Агентӣ нишон медиҳад, ки ҷиҳати   фаъолияти   самараноки ин мақомот, мустаҳкам намудани пояҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва таъминоти моддии он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ғамхории зиёд зоҳир карда мешавад.

Кормандони Агентӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ баҳри амалишавии сиёсати дурандешона ва оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ саҳм гузошта, ба натиҷа ва дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Хизматҳои содиқонаи кормандони Агентӣ пайваста аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат қадрдонӣ гардида, чун нишони миннатдорӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд ва ҳамасола 10 январ Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҷлил карда мешавад.

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар амалисозии стандартҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, иҷрошавии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аҳамияти махсус дода, аз ҳамаи воситаю имконияти мавҷуда истифода мебаранд ва муқовимати маҷмӯиро дар ин самт пурзӯр менамоянд.

Таваҷҷуҳу ғамхориҳои хирадмандона, созанда ва башардӯстонаи Пешвои миллат ҳар як корманди Агентиро водор месозад, ки тамоми имконият, донишу маҳорат ва неруи касбии худро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати зиддикоррупсионии  Ҳукумати мамлакат равона намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат аз бистуми апрели соли 2011 иброз  намуданд, ки дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар фарди ҷомеа низ бояд саҳм гузорад.

Аз ин хотир, аз ҳар фарди бонангу номуси ватан ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки  бо дарки масъулияти баланди ватандориву шаҳрвандӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич намуда, дар роҳи муқовимат ба коррупсия ва боз ҳам паст намудани шиддати ин зуҳуроти номатлуб дар кишвар саҳм гузоранд.

P.S. АМИТ «Ховар» ҳамаи кормандони Агентиро ба муносибати таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо сиҳатмандиву хушбахтӣ, осудагии рӯзгор, сарбаландӣ ва ба Тоҷикистон осмони софу беғубор таманно менамояд.

Январь 10, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид