ИН ПЕШНИҲОД АЗ ҶОНИБИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БУД. Коршиносони кишварҳои ИДМ лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷаро оид ба татбиқи Стратегияи таъмини амнияти иттилоотӣ баррасӣ намуданд

Январь 27, 2022 12:44

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар Кумитаи иҷроияи ИДМ ҷаласаи онлайнии Гурӯҳи коршиносон доир гардид, ки дар он намунаи ниҳоии лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷа оид ба татбиқи Стратегияи таъмини амнияти иттилоотии давлатҳои узви ИДМ баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Лоиҳаи ин тарҳро Узбекистон тибқи Консепсияи раёсати ин ҷумҳурӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳия кардааст.

Моҳи октябри соли 2019 Сарони кишварҳо Стратегияи таъмини амнияти иттилоотии давлатҳои ИДМ-ро тасдиқ намуданд. Стратегия ба санадҳои бунёдии қаблан қабулшуда дар соҳаи амнияти миллӣ ва иттилоотии давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла нигоҳ доштани муттасилии муқаррароти асосии Консепсияи ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ аз 10 октябр, инчунин Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ аз 20 ноябри соли 2013 асос ёфтааст.

Самаранокии татбиқи Стратегия аҳамияти бештар касб  менамояд. Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2020 изҳороти муштараки сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти байналмилалии иттилоотӣ қабул шуда буд.

Оид ба зарурати таъмини амнияти иттилоотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 январи имсол зимни суханронӣ дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, изҳори назар карданд. Сарвари давлат таваҷҷуҳи аъзои Шӯроро ба мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тундгароӣ дар кишварҳои узви СААД ва кӯшишҳои  ҷалбкунию таблиғи онҳо миёни шаҳрвандон равона намуданд. Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими фаъолияти муштараки мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД барои муқобила бо ин хатару таҳдидҳо шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ташаббусҳо, аз қабили зарурати таҳияи низоми ҳифзи фазои иттилоотиро баён намуданд. «Зарур аст, ки ҳамоҳангсозии муассиртари мақомоти иктишофӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла дар фазои киберфазоӣ ба роҳ монда шавад. Дар доираи ИДМ ман аллакай пешниҳод намудам, то системаи ҳифзи фазои иттилоотӣ таҳия карда шавад. Фикр мекунам, ки ин ташаббус барои СААД саривақтӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад»,-гуфтанд Сарвари давлат.

Мавриди зикр аст, ки маҳз бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2003 Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

ДАР АКС: Форуми байналмилалии коршиносии ИДМ оид ба амнияти иттилоотӣ дар Тошканд, 29 июни соли 2021. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар».

Январь 27, 2022 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд