КҲФ ва МГ дар ноҳияи Балҷувон барои пешгирии офатҳои табиӣ корҳои таблиғотӣ гузаронид

Январь 7, 2022 14:22

ДУШАНБЕ, 07.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоати Балҷувон, ки нуқтаи осебпазир нисбат ба офатҳои табиии эҳтимолӣ ба ҳисоб меравад, корҳои таблиғотӣ гузарониданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Кормандон миёни сокинон дар мавзӯъҳои  эҳтиёт намудан ҳангоми офатҳои табиӣ, пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ, сари вақт тоза кардани оброҳаву ҷӯйборҳо ба хотири пешгирӣ аз омадани сел, манъи хонасозӣ дар манотиқи хатарзо ва ғайра корҳои таблиғотӣ ба роҳ монданд.

Ба аҳолии минтақа гуфта шуд, ки онҳо гарави амнияту бехатарии худ буда, аз ин рӯ бояд аз худсарона бунёд кардани хонаҳо дар минтақаҳои хатарзо худдорӣ кунанд.

Ҳадаф аз роҳандозии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар доираи барномаву нақшаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода огоҳонидани  мардум аз эҳтимоли рух додани ҳар гуна офатҳои табиӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 8  майи соли 1969 маҳз дар ҳамин минтақа бар асари лағзиши замин як деҳа бо 24 хонавода пурра зери лой монда, ба ҳалокат расида буд.

 АКС: КҲФ ва МГ

Январь 7, 2022 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст