Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд

Январь 20, 2022 09:48

ДУШАНБЕ, 20.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кормандони Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев  аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, боздид намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ иттилоъ доданд. 

Дар Осорхона нигораҳои давраи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм ва хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи донишгоҳ гирд оварда шудаанд. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва ҳайати кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро бо нигораҳои осорхона ва санадҳои нодир, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатми факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба солҳои 1977-1982 рост омада, инъикосгари овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муассиса мебошанд, инчунин аксҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ, унвонҳои фахрии аз ҷониби донишгоҳҳои ҷаҳон тақдимшуда, фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ ва дастовардҳои олимони донишгоҳ, ки дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ шудаанд, шинос намуд.

Зикр шуд, ки баъд аз ифтитоҳ ва боздиди Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Пешвои миллат гӯшаи дигари махсус бахшида ба ҳаёту фаъолияти даврони донишҷӯии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъсис дода шудааст, ки мавсуф низ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тавассути нигораҳои Осорхонаи Пешвои миллат аз ҳаёти давраи донишҷӯии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои олимону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даврони 30 соли Истиқлолияти давлатӣ огоҳии бештар пайдо намуда, ба роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити созгор изҳори сипос намуданд. Зеро на ҳама вақт имкон пайдо мегардад бо чунин нигораҳои нодир, ки дар шинохти таъриху фарҳанги миллатамон нақши барҷаста доранд, аз наздик шинос шуд.

Чун анъана бо таклифи Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи Пешвои миллат, ки аввалин шуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он таманниёти неки худро баҳри шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саодати халқи тоҷик навиштаанд, орзуву омоли худро баҳри тинҷию оромии кишвар дарҷ намуд.

Осорхонаи Пешвои миллат 22 январи соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.  Мақсад аз он тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Нигораҳои осорхона овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин муассиса фаро гирифта, нодиртарин санад, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатм, инчунин фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ, дастовардҳои олимони Донишгоҳ ва ғайраҳо дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ мешаванд. Осорхона аз утоқи пазироӣ ва толорҳои «Таҳсил» ва «Истиқлол» иборат буда, нигораҳо аз нигоҳи таърихӣ мураттаб шудаанд.

Дар даромадгоҳи толори «Таҳсил» мизи донишҷӯёни солҳои 70 — 80-уми асри ХХ, ки Пешвои миллат дар он нишаста, таҳсили илм намудаанд, ба намоиш гузошта шудааст. Дар ҳамин толор инчунин китобҳои таълимӣ аз фанни иқтисодиёт ҷой дода шудаанд. Дар 3 равоқи толор ҳуҷҷатҳои давраи довталабӣ, таҳсил ва хатми Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудаанд. Дар девор акси ректорони Донишгоҳ то давраи истиқлолият гузошта шуда, толорро ҳамчунин акси устодони факултаи баҳисобгирии бухгалтерии хоҷагии қишлоқ дар солҳои 70-80-ум, акси собиқ донишҷӯи ин факулта Эмомалӣ Раҳмон баъди супоридани имтиҳонҳои давлатӣ, расми якҷояи ҳамсабақони Пешвои миллат ва нигораҳои кандакоришуда ороиш медиҳанд.

Толори «Истиқлол»-и ин осорхона ба ташрифҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дастовардҳои донишгоҳ дар 30 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ҳамин толор инчунин аксҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ, унвонҳои фахрии аз ҷониби донишгоҳҳои ҷаҳон тақдимшуда гузошта шудаанд.

Осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маводи ба Пешвои миллат бахшидашуда гӯшаи дигари ин толори барҳаворо зиннат мебахшанд.

      АКСҲО аз Бонки миллии Тоҷикистон

Январь 20, 2022 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 9.3789 сомонӣ то 9.4500 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Дороиҳои умумии «Амонатбонк» 9,6 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 8,6 миллиард сомониро ташкил дод
Ҳаҷми сармояи «Амонатбонк» афзуда, 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 10.8769 то 10.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
Дороиҳои «Саноатсодиротбонк» дар нимсолаи якуми соли 2025 афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» ба муштариён беш аз 1 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 9.4528 то 9.5000 сомонӣ муқаррар шудааст
Рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар сатҳи «B» бо дурнамои «устувор» тасдиқ шуд
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид