«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид, ки дар он шаҳри Хоруғ ҷойи якум, ноҳияи Дарвоз ҷойи дуюм ва ноҳияи Рӯшон мақоми сеюмро сазовор гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, дар фестивал-озмун иштирокчиён бо пешниҳоди коллексияҳои гуногуни либосҳои миллӣ ва муосир ҳунару маҳораташонро ба намоиш гузоштанд.
Иброз гардид, ки мақсади асосии баргузории фестивал – озмун баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби либоси зебои миллӣ, ҳамгироии минтақаҳои Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун ва фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Баргузории фестивал – озмун яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳанги миллӣ буда, ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзию чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ равона гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.
Фестивал-озмун бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, имрӯзҳо дар мамлакат даврҳои ноҳиявӣ ва вилоятии он идома дорад. Дар назар аст, ки даври ҷумҳуриявии он охири моҳи апрел дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






