Кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии вилояти Суғд ду китоби нав ба нашр расониданд

Январь 2, 2022 09:02

ДУШАНБЕ, 02.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси роҳбарият ва кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ду китоби нав- «Мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон» ва «Панди ниёгон ва шеъру ҳикмати бузургон» омода ва нашр гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд. 

Тибқи иттилои директори китобхона Баҳром Мирсаидов, китоби «Мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон» ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва солрӯзи Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ таҳия шудааст.

Китоб дар заминаи маводи қомусҳо, донишномаҳо, дастурҳову ёдномаҳои таълимӣ, мақолаҳои дар рӯзномаву маҷаллаҳо нашршуда, хабару гузоришоти дар сомонаҳои расмӣ интишорёфта ва манбаъҳои гуногун рӯйи коғаз омада, дар поёни ҳар моддаи энсиклопедӣ маъхази маълумот навишта шудааст. Дар китоб доир ба ёдгориҳои таърихӣ, монанди қалъаву димнаҳо, мазору обидаҳо, мақбараву масҷидҳо, манораву мадрасаҳо, ёдгориҳои табиат, амсоли боғҳои ботаникӣ, боғҳои истироҳатӣ, мамнӯъгоҳҳо, дарахтони куҳансолу азимҷусса, чашмаҳои шифобахш, кӯлҳои зебову назаррабо, муассисаву марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, чун кохҳову қасрҳо, китобхонаҳову осорхонаҳои машҳур, осоишгоҳҳо ва даҳҳо макону иншооти муҳиму тамошобоб, ки ифодагари гузаштаи бошукӯҳу пурифтихори тоҷикон, ҳунари волои ҳандасиву меъморӣ, завқи баланди худшиносиву худогоҳӣ, зебоипарастиву ватанпарварӣ, инчунин бозгӯи дастовардҳои моддиву маънавии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд, маълумоти арзишманд фароҳам омадааст. Таҳиягарони қомус талош намудаанд, ки барои рушди саёҳати дохиливу хориҷӣ ва тарғибу ташвиқи имконияти гардишгариву сайёҳии Ватани азизамон ин китобро ба унвони раҳнамо омода созанд.

Дар китоби «Панди ниёгон ва шеъру ҳикмати бузургон» баробари ашъори дилнишин, ҳуруфи ҳакимона, панди рӯзгор, инчунин гуфтори ибратомӯзи Пешвои миллат доир ба китобу китобхонӣ ҷо дода шудаанд. Ин китоб аз пешгуфтор бо номи «Панд – чароғи ақлу хирад» шурӯъ шуда, аз бахшҳои «Адаб ва мақоми он», «Ситоиш ва гиромидошти модар», «Ситоиш ва гиромидошти падар», бобҳои «Ҳурмату эҳтиром», «Ақлу дониш ва ҳунар», «Дӯстиву рафоқат», «Сухан ва қадри он», «Некӣ ва накӯкорӣ», «Ростӣ ва покии андеша», «Дар таъсири тарбият», «Дар бораи тан ва ҳолатҳои ҷисму рӯҳ», «Дар боби тандурустӣ», «Дар хусуси табиб, табобат ва парасторӣ», «Доир ба рӯҳ, хоҳиш, иштиёқ, ақл», «Мулоҳизаҳо ва тавсияҳо барои саломатӣ ва покӣ», «Доир ба ғизо хӯрдан, парҳез аз хоҳишҳои нафс ва мазаммати пурхорӣ», «Доир ба шароб ва об», «Дар бораи истироҳат», «Шигифтиҳои бадани инсон», «Гуфтори бузургон дар бораи арзиши олии китоб, китобхонӣ ва китобхона», «Суханони ибратомӯзи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи китобу китобхонӣ», «Адибони классики тоҷику форс дар васфи китоб», «Адибони муосир дар васфи китоб», «Андешаҳои ҳакимону донишмандони машҳури ҷаҳон дар бораи китоб» иборат аст.

Дар бахшҳои «Ситоиш ва гиромидошти модар» ва «Ситоиш ва гиромидошти падар» ашъори шоирон Эраҷ Мирзо, Маликушшуаро Баҳор, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Қутбӣ Киром, Нодир Шанбезода, Муҳиддин Фарҳат, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Акобир Шарифӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Убайд Раҷаб, Алӣ Бобоҷон, Озод Аминзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Гулрухсор, Мавҷуда Ҳакимова, Абдулло Қодирӣ, Усмон Олим, Низом Қосим, Саидалӣ Маъмур, Аҳмадҷони Раҳматзод, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Ҳақназар Ғойиб, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Ширин Бунёд, Махсум Олимӣ, Муҳаммад Ғойиб, Назри Яздонӣ, Рустам Ваҳҳобзода, Зулфия Атоӣ, Фарзона, Озарахш, Суруш, Озар ва дигарон оварда шудаанд.

Дар таҳияи китобҳои зикршуда муҳаққиқону мутахассисони китобхона Баҳром Мирсаидов, Мунирахон Ҳакимова, Мавзунахон Ҳамробоева, Шодӣ Шарифниё, Мунаввара Ғаффорова, Рокиябону Рабиева, Моҳирахон Ҳафизова, Манзурахон Қаюмова ва Манишвар Тоҳирӣ саҳми назаррас гузоштаанд.

 

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 2, 2022 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД». Дар Тоҷикистон фестивали байналмилалии рақс доир мешавад
«Дафтари Порис» дар Муассисаи фарҳангии ЭКО рӯнамоӣ шуд
ТЕАТР-ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ театри тоҷик мустақил гардид
Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Пагоҳ дар Душанбе даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Давлати Кувайт тарҷумаи арабии китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2024» муайян шуданд
Тоҷикистон соли 2027 мизбони Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб даври вилоятии Фестивали «Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон» баргузор гардид
ТОҶИКИСТОНИ ВОҲИД. Туҳфаи Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». 7 ноябр даври чоруми ин озмун оғоз гардида, пурра ба навор гирифта мешавад