COVID-19: ДАР УЗБЕКИСТОН ШТАММИ «ОМИКРОН» ОШКОР ШУД. Дар кишвар чораҳои карантинӣ дубора пурзӯр карда шуданд

Январь 10, 2022 10:58

ДУШАНБЕ, 10.01.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Узбекистон штамми нави COVID-19- «омикрон»  ошкор гардид. Онро дар як шаҳрванди хориҷӣ, ки 7 январ вориди кишвар шудааст, ошкор намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ зикр карда шуд, ки сатҳи гирифторӣ ба коронавирус дар кишвар афзоиш ёфта, минбаъд низ андешидани тадбирҳо бар зидди ин беморӣ зарур аст.

Бо қарори комиссия назорат аз болои пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, масофаи иҷтимоӣ ва риояи қатъии қоидаҳои гигиенаи шахсӣ пурзӯр мегардад. Ҳамзамон риояи қатъии пӯшидани ниқоб, риояи масофаи иҷтимоӣ, чен кардани ҳарорати бадан дар даромадгоҳҳои ташкилот, корхонаву муассисаҳо, марказҳои бузурги савдо, супермаркетҳо ва муассисаҳои фароғатӣ таъмин карда мешавад.

Вазорати тандурустӣ, Идораи мусулмонони Узбекистон ва Кумита оид ба корҳои дин ба мувофиқа расиданд, ки барои шаҳрвандон- кормандони тибби Узбекистон пас аз бозгашт аз ҳаҷҷи умра аз Арабистони Саудӣ гирифтани экспрес-тест барои ошкоркунии коронавирусро ташкил кунанд.

Ваксинакунонии пурраи аҳолӣ ва эмгузаронии вояи бустерӣ тезонида мешавад.

Ба роҳбарони вазорату идораҳо, сарфи назар аз шакли ташкилӣ, пас аз эмгузаронии коргаронашон дар ҳамаи ташкилот барои даромадан ба ҷойи кор иҷозат дода мешавад. Нисбат ба роҳбарони ташкилоте, ки ин тартибро вайрон мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун чораҳои қатъӣ дида мешаванд.

Дар рӯзҳои таътил дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳо барои эмкунӣ бар зидди сирояти коронавирус тадбирҳои пурра андешида мешаванд. Роҳбарони мактабҳои олӣ барои ин корҳо шахсан масъул ва ҷавобгаранд.

Инчунин бо Қарори комиссияи махсуси ҷумҳурӣ аз 15 январи соли 2022 тартиби зерин ҷорӣ карда мешавад:

  • меҳмононе, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд дорои тести аксуламали занҷиравии бисёрандоза оид ба коронавирус бошанд, ки камаш 48 соат пеш аз ворид шудан ба Ҷумҳурии Узбекистон супурда шуда бошад;
  • дар сурати мавҷуд набудани маълумотнома оид ба тести аксуламали занҷиравии бисёрандоза барои сирояти коронавирус талаб карда мешавад, ки дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ барои ошкор намудани сирояти коронавирус экспресс-тест супорида шавад.

Ба вазорату идораҳо, мақомоти давлатӣ ва дигар иттиҳодияҳои хоҷагидор бо мақсади таъмини саломатии аҳолӣ, нигоҳ доштани суботи вазъи эпидемиологии кишвар дар шароити маҳдудияти карантинӣ дар кишвар ташкил намудани чорабиниҳои гуногун манъ аст.

Ёдовар мешавем, ки штамми «омикрон» дар Африқои Ҷанубӣ моҳи ноябри соли 2021 кашф шуда, баъдан ба кишварҳои Аврупо ва Осиё паҳн шудааст. Шурӯъ аз моҳи декабри соли 2021 дар ИМА, Дания, Кореяи Ҷанубӣ, Британияи Кабир, Русия, Исроил, Нидерландия, Фаронса, Ҷопон ва Ҳиндустон дар робита ба паҳн шудани штамми нав ва бад шудани вазъи эпидемиологй якчанд маҳдудияти иловагии карантинӣ ҷорӣ карда шудаанд.

АКС аз Вазорати тандурустии Узбекистон

Январь 10, 2022 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Бохтар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад
ХУРОФОТ ҶАҲОЛАТ АСТ. Дар ҷамоатҳои шаҳри Исфара бо сокинон оид ба хатари таассуб мулоқот доир шуд
Охири моҳи апрел ва аввали май Тоҷикистонро ҳавои номусоид интизор аст. Таъсири он ба соҳаи кишоварзӣ чӣ гуна аст?
Дар якчанд минтақаҳои Тоҷикистон корҳои безараргардонии жола анҷом ёфтанд
«ДӮСТ ОЯД ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Дар Тоҷикистон аввалин меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ дар минтақаҳо оғоз шуд
Дар Конибодом доир ба оқибатҳои ногувори таассубу хурофотпарастӣ ва омилҳои пешгирии он мулоқот доир шуд
Дар Душанбе масоили ҳуқуқ, таҳсил ва бокортаъминкунии маъюбон таҳлилу баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон мавсими эҳтимолии сел, обхезӣ ва сангрезӣ аст. Чиро бояд дар хотир дошт?
Дар Восеъ довталабони хизмати аскарӣ соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуданд
Ба беморхонаи ноҳияи Шуғнон нақлиёти «Ёрии таъҷилии тиббӣ» тақдим гардид
Маликшо Неъматзода ва Осама Маккави барои амалӣ намудани барномаҳои ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд
Дар Душанбе Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон мавриди баррасӣ қарор гирифт