Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба оилаҳои ниёзманди шаҳри Бохтар кумак расонид

Январь 2, 2022 09:20

ДУШАНБЕ, 02.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри Бохтар дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ ба аёдати якчанд оилаи ниёзманди шаҳри Бохтар рафта, барояшон кумакҳои яквақтаинаи хӯрока расониданд, хабар доданд аз  шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Яке аз онҳо  сокини маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтар  Марҳима Камолова мебошад, ки  чанд сол боз бо иллати нобиноӣ кунҷи хонаро ихтиёр кардааст. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  Қиёмиддин Миралиён, ҳамунин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар  Неъматулло Иброҳимзода  Марҳима Камоловаро аёдат намуда,   аз аҳволи зиндагиаш  бохабар шуданд.

Марҳима Камолова барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба    ӯ ва насли калонсоли кишвар изҳори сипос намуда, дар ҳаққи Сарвари давлат ва Тоҷикистони азиз дуои нек намуд.

Оилаи Ғиёсовҳо низ, ки дар маҳаллаи Қазоқони шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунад дар ин рӯз аз кумаки масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизби вилоят бархӯрдор шуданд. Мўйяссар Ғиёсова тӯли 10 сол дар Кумиаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар фаъолият кардааст ва имрӯз бознишаста шуда, ба тарбияи набераҳо машғул мебошад.

Қиёмиддин Миралиён зимни суҳбат бо аъзои ин оилаҳо,  аз ҷумла иброз дошт, ки аз пойдории ваҳдату истиқлоли давлатӣ бояд ҳар лаҳза шукр гӯем, зеро ин ду неъмат на ба ҳама мардуми дунё фароҳам аст.

«Ҳеҷ гоҳ худро танҳо эҳсос накунед, зеро вазъи рӯзгори ашхоси калонсол ва ниёзманд, доимо  таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хусусан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.  Мо низ кӯшиш мекунем, ки пайваста аз аҳволатон бохабар бошем ва то қадри имкон дар таъмини эҳтиёҷотатон кумак намоем» — изҳор дошт раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён.

            АКС аз Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Январь 2, 2022 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад