Мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт сармураббии дастаи миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд

Январь 27, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассиси 55-солаи хорватӣ Петр Сегрт сармураббии нави дастаи миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8 то 14 июн дар шакли мутамарказ баргузор мешавад, омода мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки имрӯз, 27 январ дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» баргузор шуд, якчанд масъалаҳо баррасӣ шуданд, ки яке аз онҳо тасдиқи сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд.

Мутахассиси 55-солаи хорватӣ Петр Сегрт, ки муҷаввизи мураббии УЕФА Pro дорад, сармураббии нави дастаи миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд.

Петр Сегрт 8 майи соли 1966 дар Хорватия ба дунё омадааст, вале аз хурдӣ дар Олмон зиндагӣ мекунад. Ҳамчун футболбоз дар бошгоҳҳои ҳаваскорони Олмон бозӣ кардаву дар онҳо фаъолияти мураббигии худро низ оғоз кардааст. Соли 1996 мутахассиси ҷавонро Клаус Топмёллер, ки қаблан бо ӯ дар «Валдхоф» кор мекард, ба «Бохум» даъват кард. Сипас Сегрт узви ситоди мураббиёни дастаҳои «Дуйсбург» ва «Валдхоф» буд ва сипас мустақилона бошгоҳҳои «Леобен», «Рид» ва «Винер Шпорт-Клуб»- и Австрияро идора кардааст.

Мутахассис муддати тӯлонӣ бо бозигарони ҷавон бомуваффақият кор карда, барои ин лақаби «меъмор»-ро гирифтааст.

Соли 2006 бо даъвати Топмёллер Сегрт ба Гурҷистон кӯчид ва дар он ҷо дастаи ҷавонони ин кишварро роҳбарӣ кард.

Баъди рафтани ҳамватанаш дар ду бозӣ Петр Сегрт ба ҳайси сармураббии дастаи миллии Гурҷистон баромад кард.

Пас аз тарк кардани Гурҷистон Сегрт чанд сол дар клубҳои Индонезия – «Бали Девата» ва «ПСМ Макассар» кор кард. Мутахассиси хорватӣ дастаи миллии Афғонистонро дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 раҳбарӣ мекард. Соли 2018 ӯ дастаи Молдивро роҳбарӣ карда, бо он ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 гардид.

АКС: ФФТ

Январь 27, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд