Нашриёти «Ирфон» барои тарғиби китоб дастури муфид ва муҳим ба нашр расонид
ДУШАНБЕ, 22.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар заминаи нақшаи фаъолияти корӣ, нақшаи мавзӯии нашри китоб барои соли 2022, рӯйхати китобҳои дар анбор маҳфуз, рӯйхати муаллифони китобҳое, ки аз муассисаи «Ирфон» дар соли 2021 тамға (гриф) ба даст овардаанд ва низомнома оид ба гирифтани рақамҳои ISBN, ки тамғаи муассисаро дар бар мегиранд, таҳти унвони «Нақшаи мавзӯӣ» дастури муҳим ба табъ расонид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи нашриявии «Ирфон» хабар медиҳад.
Дар ин дастури муфид ёддошт барои мутасаддиёни таъмини китоб ба китобхонаҳо, мағозаҳои китоб, намунаи шартномаҳои хариду фурӯши китоб ва гирифтани тамғаи нашриёт гирдоварӣ шудааст.
Нақшаи мавзӯӣ аз 4 қисм иборат аст.
Дар қисми аввали нақша номгӯйи 31 адад китоб тибқи стандарти тасвир таҳррезӣ гардида, ки аз ин 22 номгӯй аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва даромади муассиса, 9 номгӯй аз ҳисоби маблағҳои муаллифони китоб ба нашр мерасанд.
Дар қисми дуюми нақша номгӯйи 53 адад китоб бо нишондиҳандаи шумораи китобҳое, ки дар анбор маҳфузанд, бо нархи фурӯши китоб нишон дода шудаанд. Тарзи ҷобаҷогузории мавод тариқи соҳавӣ мебошад.
Қисмати сеюми дастур китоби муаллифонеро, ки бо тамғаи Муассисаи нашриявии Ирфон чоп шуда, бо тариқи алифбо ҷобаҷогузорӣ шудаанд, фарогир аст.
Дар қисми чоруми дастур низомнома оид ба гирифтани рақами ISBN ва тамғаи Муассисаи нашриявии “Ирфон” ва намунаи шартнома барои гирифтани тамғаи нашриёт ҷой дода шудаанд.
Дастури мазкур барои китобдорону омӯзгорон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ роҳнамои хубест. Омӯзгорон зимни тарғиби китоб ва дарси сулҳ дастури мазкурро истифода бурда метавонанд.
Он барои пурранамоии фонди китоби китобхонаҳо ва мағозаҳои китобфурӯшӣ дастури муфид аст.
АКС: Муассисаи нашриявии «Ирфон»








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






