Нашриёти «Ирфон» барои тарғиби китоб дастури муфид ва муҳим ба нашр расонид

Январь 22, 2022 12:09

ДУШАНБЕ, 22.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар заминаи нақшаи фаъолияти корӣ, нақшаи мавзӯии нашри китоб барои соли 2022, рӯйхати китобҳои дар анбор маҳфуз, рӯйхати муаллифони китобҳое, ки аз муассисаи  «Ирфон» дар соли 2021 тамға (гриф) ба даст овардаанд ва низомнома оид ба гирифтани рақамҳои ISBN, ки тамғаи муассисаро дар бар мегиранд, таҳти унвони «Нақшаи мавзӯӣ» дастури муҳим ба табъ расонид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи нашриявии «Ирфон» хабар медиҳад.

Дар ин дастури муфид ёддошт барои мутасаддиёни таъмини китоб ба китобхонаҳо, мағозаҳои китоб, намунаи шартномаҳои хариду фурӯши китоб ва гирифтани тамғаи нашриёт гирдоварӣ шудааст.

Нақшаи мавзӯӣ аз 4 қисм иборат аст.

Дар қисми аввали нақша номгӯйи 31 адад китоб тибқи стандарти тасвир таҳррезӣ гардида, ки аз ин 22 номгӯй аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва даромади муассиса, 9 номгӯй аз ҳисоби маблағҳои муаллифони китоб ба нашр мерасанд.

Дар қисми дуюми нақша номгӯйи 53 адад китоб бо нишондиҳандаи шумораи китобҳое, ки дар анбор маҳфузанд, бо нархи фурӯши китоб нишон дода шудаанд. Тарзи ҷобаҷогузории мавод тариқи соҳавӣ мебошад.

Қисмати сеюми дастур китоби муаллифонеро, ки бо тамғаи Муассисаи нашриявии Ирфон чоп шуда, бо тариқи алифбо ҷобаҷогузорӣ шудаанд, фарогир аст.

Дар қисми чоруми дастур низомнома оид ба гирифтани рақами ISBN ва тамғаи Муассисаи нашриявии “Ирфон” ва намунаи шартнома барои гирифтани тамғаи нашриёт ҷой дода шудаанд.

Дастури мазкур барои китобдорону омӯзгорон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ роҳнамои хубест. Омӯзгорон зимни тарғиби китоб ва дарси сулҳ дастури мазкурро истифода бурда метавонанд.

Он барои пурранамоии фонди китоби китобхонаҳо ва мағозаҳои китобфурӯшӣ дастури муфид аст.

АКС: Муассисаи нашриявии «Ирфон»

Январь 22, 2022 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад