ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. 5-7 январ дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон фаромадани тарма дар назар аст

Январь 4, 2022 14:30

ДУШАНБЕ, 04.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. 5-7 январ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тормеғ (туман) мефарояд.  5-6 январ дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ҳаво дар вилояти Хатлон қисман абрнок шуда, 6-7 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Инчунин 6-8  январ дар ноҳияҳои алоҳидаи водигӣ дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши суст борон ва барфи тар ба амал меояд.

9 январ асосан ҳавои бебориш (0,0-0,5мм) дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, танҳо 7 январ дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши суст борон ва барф ба амал меояд. 6-7 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво тағйир ёфта, аз 3-8 дараҷа хунук то 8-13 дараҷа хунук, рӯзона -2+3 дараҷа мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок, 6-8 январ дар ноҳияҳои водигӣ баъзан борони суст борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. 9 январ асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, 6-7 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво тағйир ёфта, аз 3-8 дараҷа хунук то 7-12 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук шуда, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа  хунук, дар баъзе минтақаҳо то 29-31 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 13-18 дараҷа хунук мешавад.

 

 

Январь 4, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад