Олмон барои дастгирии соҳибкорони Тоҷикистон 9,6 миллион евро маблағҳои грантӣ пешниҳод менамояд
ДУШАНБЕ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими баимзорасонии созишномаҳо оид ба интиқоли маблағҳо миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 ташкилоти молиявии маҳаллии кишвар, назири Бонки «Арванд», ташкилоти амонатии қарзии хурди «Финка», «Ҳумо», «Имон Интернешнл» ва «Оксус» баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Барномаи маблағгузории занҷирҳои арзиш дар соҳаи кишоварзӣ тавассути гранти Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба маблағи 9,6 миллион евро дар доираи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016-2017 татбиқ шуда, ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноаткунонии босуръат мутобиқ мебошад.
Ин барнома ба пешниҳод намудани қарзҳои дастрас ба корхонаҳои хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба занҷирҳои арзиши кишоварзӣ муттаҳид шудаанд, нигаронида шудааст.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






