«Паём. Дастури мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм»,-шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 20.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд. Дар маркази таваҷҷуҳи шумораҳои нашршуда мавзӯъҳои муҳим, аз ҷумла шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саноатикунонии мамлакат, тарбияи насли наврас, роҳҳои пешгирӣ аз намуди нави коронавируси COVID-19 ва натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи тамоми вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат қарор доранд.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар шумораи №14 (24 373), чоршанбе, 19 январи соли равон маводи таҳлилӣ, аз қабили «Паём. Дастури мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм», «Суғд. Соли 2021 бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст шуд», «Душанбе-Хоруғ. Ду бардошт аз як сафар» ва «Язгулом. Нигине, ки бо қудуми Пешвои миллат ҷилои тоза гирифт»-ро ба нашр расонидааст.
Дар мақолаи «Паём. Дастури мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм», ки муаллифи он сардори раёсати таъминоти иттилооти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов мебошад, чунин омадааст: «Ҳамагон бояд донанд, ки таассуб дар ҳар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Он, ки тафаккураш таассубист, ба терроризму ифротгароӣ ба осонӣ гузариш мекунад. Террорист аҳли гуфтугӯ ва муколама нест. Таассуби динӣ нисбат ба илм, мухолифати меҳробу минбар роҳест ба сӯйи бунбасти тафаккур, роҳест, ки инсонро ба нокуҷо мебарад. Ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, «таассуб чашмҳои биноро кӯр мекунаду гӯшҳои шунаворо кар месозад». Террористону ифротгароён воқеияти зиндагиро дуруст дарк намекунанд, аз воқеияту рӯйдодҳо хулосаҳои нодуруст мебароранд. Онҳо аксар вақт аз аҳкоми динӣ донишҳои ноқис доранд. Вокунишашон ба андешаю амали дигарон хушунатбор аст. Агар таърихи терроризмро варақгардон кунем, хоҳем дид, ки «Бригадаҳои сурх» дар Италия, «Артиши сурхи Ҷопон», «Ҷунбиши баскҳо» дар Испания, гурӯҳи Квебек барои ҷудоӣ аз Канада, «Созмони томилӣ» дар Ҳиндустон, «Насрониён» дар Нигерия, «Роҳзанони баҳрӣ» дар Сомали, гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар Кашмир, ки ба меҳмонхонаи «Тоҷмаҳал» дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон ҳамла оварданд, ҳамагӣ гурӯҳу ташкилоти террористианд. Ё қазияи Ҳолокост (солҳои 1933 — 1945, яъне дар давраи давлати Германияи фашистӣ), ки боиси марги қариб шаш миллион яҳудӣ ва панҷ миллион лаҳистонӣ гардид, ҳаргиз аз ёди таърихии ҷаҳониён зудуда намегардад. Ин ҷиноятро ном терроризм аст».
Дар ин шумораи нашрия таҳти унвони «Шукр гӯйӣ, неъматат афзун шавад…», «Танзим. Дар риояи қонуни миллӣ масъулиятнок бошем!», «Ховалинг. Барномаи давлатӣ кай иҷро мешавад?» , «Никнот. Аз чашмаи дарвешон то нури маърифат» ва дар рубрикаи «Ҷаҳон дар як сатр» хабару гузоришҳои ҷолиб ба нашр расидаанд.
Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум» рӯзи сешанбе, 18 январ №11 (4431) дар саҳифа аввали худ шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ва маводи таҳлилӣ, аз қабили «Рушди саноат кафили зиндагии шоиста аст», «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад»-ро ба нашр расонидааст.
Ҳамзамон хонандагони нашрия имкон доранд аз ин шумора таҳти унвони «Заминаи мукаммали қонунгузорӣ тақвиятбахши соҳибистиқлолист», «Моҳияти кишти такрорӣ ва содироти сабзавоти барвақтӣ», «Муъҷизаҳои табиати Ҳисор», «Аз пушти дари хотира», «Ҳавои тоза гарави саломатист, аммо…», «Эҳтиёткорӣ роҳи асосии пешгирии сироятёбист» ва дигар маводи таҳлилиро дарёфт ва мутолиа намоянд.
«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №4 (20337), 19 январи соли равон дар саҳифаи аввал Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия», суҳбати телефонии Пешвои миллат бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2021 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро нашр кардааст.
Инчунин «Народная газета» хабару мавод доир ба вазъи имрӯзаи мамлакат ва маводи таҳлилӣ таҳти унвони «Хорог должен стать гостеприимным и благоприятным городом», «Каким должно быть современное образование?», «Вакцинация-основной инструмент борьбы с ковидом», «Пилот из Таджикистана командовал авиаполком» ва дигар матолибро ба нашр расонидааст.
«Минбари халқ» — нашрияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №3 (1349), чоршанбе, 19 январи соли 2022 дар баробари нашри хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия», гузориш аз ҷаласа оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2021 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, инчунин натиҷаҳои фаъолияти яксолаи шаҳр ноҳия ва вилоятҳоро ба нашр расонидааст.
Ҳамзамон дар ин шумора мақолаҳо таҳти унвони «Паём- раҳнамо ба сӯи зиндагии шоиста», «Риояи қонун устувории суботи ҷомеаву давлат аст», «Маориф-рушди неруи инсонӣ», «Истиқлолу ваҳдат-беҳтарин дастоварди миллат», «Вожаи сиёсӣ» ва дигар хабару мавод пешкаши хонандагони рӯзнома гардидаанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






