Пратибҳа Меҳта: Тоҷикистон дорои кӯҳҳои зебо, обҳои тоза буда, мардумаш воқеан хушбахтанд, ки дар чунин кишвари биҳиштӣ зиндагӣ доранд
ДУШАНБЕ, 09.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист робитаҳояшро бо ниҳодҳое, чун Созмони Милали Муттаҳид (СММ) тақвият диҳад ва дар амалӣ гардонидани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола саҳм гузорад. Натиҷаи чунин ҳамкорист, ки имрўз зерсохторҳои СММ, ба монанди Барномаи Рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон фаъолият дошта, дар пешрафти мамлакат саҳм мегузоранд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа БАҲРОМЗОДА чанде пеш бо собиқ намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон ва БРСММ давоми 30 соли истиқлолият ва дурнамои он мусоҳиба анҷом дод, ки мавриди таваҷҷуҳи хонандагони сомона қарор медиҳем.
АМИТ «Ховар»: — Хонум Пратибҳа Меҳта, аз нигоҳи Шумо 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва БРСММ чӣ имконият фароҳам овард?
Пратибҳа Меҳта: — БРСММ фаъолияташро дар Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлол гардидани мамлакат шурӯъ кард. Барои мо мояи ифтихор аст, ки тӯли 27 соли фаъолият мо дӯст ва шарики мардуми тоҷик ва кишвари Тоҷикистон мебошем. Вақте ки мо намояндагии худро дар Тоҷикистон таъсис додем, дар мамлакат аллакай ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардида буд. Аз ин рӯ, дар чунин вазъият мо, қабл аз ҳама, корҳои барқароркунӣ ва башардӯстонаро бештар анҷом дода, барои рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат фаъолиятро аз сатҳи деҳаҳо то сатҳи шаҳрҳо шурӯъ кардем.
Шурӯъ аз соли 2000, вақте ки Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола муқаррар карда шуданд, кумакҳои мо барои ноилшавии Тоҷикистон ба 8 ҳадафи асосии Ҳадафҳои Рушди Устувор равона гардиданд. Қобили таҳсин аст, ки аз соли 2000 то соли 2015 Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Соли 2015 Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Тоҷикистонро ба қатори 10 кишвари пешрафта дар соҳаи решакан кардани сатҳи камбизоатӣ, коҳиш додани фавти модару кӯдак ва фаъолият дар заминаи пешрафти муҳити зист ворид намуд.
Соли 2015 СММ як ташаббуси дигареро пеша карда, Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо муқаррар намуд. Ҳадафҳои мазкур аз соли 2015 то соли 2030 17 ҳадафро дар бар мегиранд. Дар ин ҷо ҳам дар заминаи пешрафти БРСММ ва ҳам идоракунии иқтисодӣ ва бахши ҳуқуқи башар, ҳамчунин масоили муҳити зист, тағйирёбии иқлим, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, намудҳои зӯроварӣ, аз ҷумла, зӯроварӣ дар оила, зӯроварӣ бар зидди занон ва духтарон ва ҳамчунин фаъолияту пешрафтҳо дар заминаи пешгирии Вируси Норасоии Масунияти Одам (ВНМО) корҳои зиёде анҷом дода шуданд.
Мо умедворем, ки то соли 2030 Тоҷикистон боз ҳам дар мақоми пеш, дар байни кишварҳои пешрафтаи дунё, ки дастовардҳои хубе дар заминаҳои болозикр доранд, қарор хоҳад гирифт.
АМИТ «Ховар»: — Давоми 30 соли истиқлолият БРСММ дар Тоҷикистон кадом лоиҳаҳоро амалӣ намуд ва онҳо кадом масъалаҳоро дар бар мегиранд?
Пратибҳа Меҳта: — БРСММ ҳам дар сатҳи маҳаллӣ ва ҳам сатҳи миллӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда, давоми 27 соли ҳузури худ дар Тоҷикистон дар қисми пешрафт ва беҳтарсозии ҳаёти одамон, дар соҳаи ислоҳот, нақшаҳои амал барои рушд, нақшаҳои миёнамуддат, кўтоҳмуддат ва дарозмуддат фаъолияти зиёдеро татбиқ кардааст, ки айни ҳол дар ҳоли амалишавианд. СММ фаъолияти худро, пеш аз ҳама, дар сатҳи маҳаллаву деҳаҳо шурўъ кардааст. Мо нақшаҳои рушди маҳалҳоро дар машварат бо мардумоне, ки дар маҳалҳо зиндагӣ мекунанд, ба назар мегирем.
Вақте ки мо нақшаҳои рушди маҳалро ба роҳ мемонем, ин барои рушд дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ саҳми бузург дорад. Тамоми корҳо дар машварат бо мардумони маҳал сурат мегиранд. Аз ин рў, мо кўшиш мекунем, ки омўзишҳо барпо намуда, зарфияту тавонмандиҳои мардумони маҳалро инкишоф диҳем.
Мо таваҷҷуҳи зиёд ба рушди минтақаву деҳот менамоем. Дар ин ҷода мо барои инкишофи инфрасохтор, пеш бурдани таҳсил барои ҳама, таъмини об, масъалаи санитария корҳои муайянеро анҷом медиҳем, зеро ҳамаи одамон бояд, ки ба хидматрасониҳое, ки барои пешрафт зарур мебошанд, дастрасӣ дошта бошанд.
Корҳои асосие, ки БРСММ пеш мебарад, ин масъалаи шуғл ва воситаҳои рўзгузаронии мардум мебошад. Аз ин ҷост, ки мо таваҷҷуҳи бештарро ба омўзиши малакаву маҳоратҳо ҳам дар заминаи қарз ва ҳамчунин бозор равона мекунем, зеро вақте ки истеҳсолот ба роҳ монда мешавад, ҳатман бояд бозор ва бозорёбӣ сурат бигирад. Махсусан воситаҳои рўзгузаронии занони деҳот ниҳоят муҳиманд, аз ҷумла, занон бояд бевосита худашон соҳибкор бошанд ва корҳояшонро пеш баранд.
Давоми 15-20 соле, ки мо ин фаъолиятро шурўъ кардем, дар ибтидо занон чунин имконият надоштанд, вале бо гузашти чандин сол мо мебинем, ки ҳоло онҳо корхонаву мағоза доранд. БРСММ дар айни ҳол 48 лоиҳаро дар ҳоли татбиқ қарор додааст. Дар лоиҳаҳои мазкур таваҷҷуҳи асосӣ ба ниёзҳое, ки имрўз мардум доранд, равона мегарданд.
Заминаҳо ва фаъолияти фавқулодае, ки БРСММ дар Тоҷикистон пеш мебарад, бо назардошти он аст, ки 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Вақте ки ҷаҳон фавқулода иваз мешавад, ҳатман бояд, ки Тоҷикистон ҳам мутобиқ ба тағйироти замон иваз шавад. Дар ин замина мо таваҷҷуҳи бештарро ба модернизатсия, рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона намудаем. Намудҳои нави соҳибкорӣ, пеш бурдани маҳоратҳо дар заминаи соҳибкорӣ аз қабили масъалаҳоеанд, ки дар заминаи лоиҳаҳои БРСММ дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, агар соҳибкорон ба қарз дастрасӣ дошта бошанд, метавонанд корҳои зиёдеро анҷом диҳанд.
Айни замон 5 платформаи соҳибкорӣ барои ҷавонон ба роҳ монда шуда, дар ин замина мо дар муҳити мураббигарӣ ва роҳнамоӣ ҷавононро тарбия намуда, ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам сатҳи маҳаллӣ кўшиш намудем, ки мубодилаи соҳибкориро ба роҳ монем.
Азбаски Тоҷикистон марзи тӯлонӣ бо Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа дорад, мо дар заминаи идоракунии сарҳад (махсусан бо Афғонистон), аз ҷумла, барои назорат дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба ҳукумати Тоҷикистон кумак расонидем. Дар баробари ин мо дар ташкил ва пешрафти бозорҳои сарҳадӣ низ Тоҷикистонро дастгирӣ мекунем. Дар ин замина мо мехоҳем, ки дар баробари идораи дурусти сарҳад ҳамчунин ба тиҷорати озод байни кишварҳо мусоидат карда шавад, ки ин сабаби суботи умумӣ ва дохили кишвар мешавад.
Масъалаи дигари бисёр муҳим масъалаи муҳити зист мебошад, ки он, пеш аз ҳама, ба коҳиши оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Дар ин замина хуб мебуд агар барои пешгирии офатҳои табиӣ зарфият баланд бардошта шавад, пеши роҳи нобудшавии ҷангалзор гирифта шуда, дар масъалаи ҳифзи муҳити зист, нигоҳ доштани пӯшишҳои гиёҳӣ ва ҷангалҳои Тоҷикистон фаъолият тақвият дода шавад.
Дар маҷмӯъ, ҳамаи 48 лоиҳае, ки мо пеш бурда истодаем, ҳадафи онҳо фароҳам овардани фурсатҳои муносиб ва беҳтарсозии ҳаёти одамон, махсусан дар деҳот мебошад ва дар ин замина баланд бардоштани зарфияти миллӣ ва рӯйкардҳои зиёде бояд пеш бурда шаванд ва коре бояд шавад, ки ҳеҷ кас аз чунин раванди пешрафт, яъне рушди иқтисодӣ ақиб намонад.
АМИТ «Ховар»: — Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии навбатӣ дар Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ аз зарурати эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуданд. Нақши Тоҷикистонро дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои БРСММ вобаста ба тағйирёбии иқлим чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Пратибҳа Меҳта: — Агар дар ҷаҳон ягон ҷанги бузург рӯй диҳад, ҳатман яке аз омилҳои он ҷанг барои об хоҳад буд, зеро ҳоло ҷомеаи ҷаҳон аз норасоии об танқисӣ мекашад. Аз ин ҷост, ки пешсафии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узви СММ эътироф шудааст. Шурӯъ аз Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 то Даҳсолаи дуюм, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 Тоҷикистон яке аз баҳрагирандагони бузурги кумакҳои байналмилалӣ гардид.
Дар баробари дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ саҳми БРСММ дар ташкили конференсияҳо ва муқаррар кардани уҳдадориҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об фавқулода муҳим мебошад.
Таҳқиқоти илмӣ собит месозанд, ки пиряхҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар маҷмўъ дар тамоми ҷаҳон дар ҳоли обшавӣ ҳастанд. Аз ин рў, даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳон дар мавриди Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 хеле бамаврид аст.
Дар ҳоле, ки мо наметавонем пиряхҳоро барқарор кунем, хуб мешуд ҳадди ақалл роҳи обшавии онҳоро пешгирӣ намоем. Ин, пеш аз ҳама, аз кишварҳои узви СММ вобаста аст, ки кадом тадбирҳо дар ин маврид андешида шаванд. Дар навбати худ БРСММ омодаи он аст, ки дар ҳама заминаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он Тоҷикистон ва иқдомҳои онро дар арсаи байналмилалӣ дастгирӣ кунад.
АМИТ «Ховар»: — Тавре медонем, беш аз ду сол инҷониб ҷомеаи ҷаҳонро пандемияи ҳамагири COVID-19 фаро гирифтааст, ки он дар баробари хисороти ҷонӣ ҳамчунин ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон низ бетаъсир намондааст. Дар роҳи мубориза бо ин беморӣ БРСММ то ин муддат дар Тоҷикистон чӣ корҳоро анҷом додааст?
Пратибҳа Меҳта: — Албатта, гуфтан мумкин аст, ки солҳои 2020 ва 2021 на танҳо барои аҳолӣ, балки барои кишварҳое, ки даромадҳои иқтисодии худро аз даст додаанд, ниҳоят солҳои душвор буданд. Бештари кишварҳо аз кишварҳои дар ҳоли рушд ба кишварҳои рў ба фақр ва нотавониву нодорӣ табдил ёфтанд.
Аз ин рў, БРСММ ба ҷамъоварии далелҳо оид ба расидани хисорот дар пайи бемории COVID-19 ба аҳолӣ, бахусус ба соҳибкории хурду миёна оғоз намуд. Маҳз бар асари пандемияи COVID-19 бештари соҳибкорон тиҷорати худро аз даст дода, пеши роҳи онҳо баста шуд ва онҳо натавонистанд тиҷорати худро идома диҳанд.
Мо дар Тоҷикистон ташаббуси наверо роҳандозӣ намудем, ки “Масъулияти нав-масъулияти навоварона ба таъсири COVID-19” ном дорад ва мо чаҳор марҳилаи даъвати андешаҳои навоваронаи мардум, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкоронро барои вокуниш ба таъсири COVID-19 анҷом додем.
Ман хеле шодам, ки андешаҳои нав пайдо шуданд ва мо онҳоро дастгирӣ кардем. Чунин андешаҳо тавонистанд барои пешниҳоди хизматрасонии рақамӣ дар расонидани машварат ва тавсияҳо барои пешгирии COVID-19, инчунин барқароркунии маблағи андозе, ки дар натиҷаи ин беморӣ Ҳукумат онро аз даст дода буд, саҳм гузоранд.
Илова ба эҳёи соҳаи иқтисодиёт дар замони COVID-19 БРСММ ба масоили тандурустӣ низ таваҷҷуҳи зиёд равона кард. Мо барои таъмини доруҳое, ки дар чунин шароит наҷотбахши ҳаёти инсон буданд, инчунин дигар асбоби зарурии соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла, либосҳои муҳофизати шахсӣ низ мусоидат намудем.
Мо умедворем, ки Ҳукумати мамлакат фаъолияти мунтазами худро дар пешгирии пандемияи COVID-19 минбаъд низ идома дода, низоми коммуникатсионӣ дар ин радиф хуб ба роҳ монда хоҳад шуд. Дар баробари ин, зарур аст, ки ниҳодҳои дахлдор, бахусус, мақомоти тандурустии ноҳияҳо чунин равобити рақамиро бо тамоми идора ва шуъбаи ҷамоату ноҳияҳо тақвият диҳанд, то ин ки фаъолияти идоракунии давлатӣ давомдор бошад.
АМИТ «Ховар»: — Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва БРСММ-ро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Пратибҳа Меҳта: — Ҳамкории мо давоми 27 соли ҳузур дар Тоҷикистон фавқулода мебошад. Миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БРСММ иродаи бисёр нек вуҷуд дорад, то ин ки ҳамкорӣ густариш ёбанд. Мо барои таҳияи барномаи ҳамкорӣ ва рушд барои 5 соли минбаъда бо шарикони рушд ва бо идораҳои дахлдори ҳукумат машваратҳоро пеш мебарем, то ин ки фаҳмиши беҳтаре аз вазъияти мавҷуда ба даст оварда шуда, саҳми БРСММ дар ин замина муайян карда шавад.
Мо хоҳони онем, ки барои ноилшавии Тоҷикистон ба Ҳадафҳои рушди миллӣ мусоидат намоем. Дар ин замина таъмини аҳолӣ бо шуғл ва воситаҳои рўзгузаронӣ, ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва имконияти нави иқтисодӣ, ки тамоми қишрҳои ҷомеаро дар раванди рушд фаро мегирад, аз масъалаҳои муҳими фаъолияти минбаъдаи мо мебошад.
АМИТ «Ховар»: — Ниҳоятан бардошти Шумо аз фаъолият дар кишвари Тоҷикистон ҳамчун намояндаи доимии БР СММ чӣ гуна аст? Дар муддати фаъолият мамлакати моро чӣ гуна дарёфтед?
Пратибҳа Меҳта: — Воқеан ҳам, 5 соле, ки ман ба сифати намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон фаъолият намудам, мисли як мижа задан гузашту рафт. Ин воқеан барои ман ифтихори бузургест, ки дар Тоҷикистон ҳузур доштам ва шоҳиди пешрафти ин кишвар гардидам.
Мо шоҳиди пешсафии Тоҷикистон ҳам дар масоили об, ҳам дар масъалаи мубориза бо терроризм ва ҳамчунин дар платформаи минтақавӣ мебошем. Дар баробари корҳои хизматиам дар Тоҷикистон ман фурсат пайдо кардам, ки ба 43 навоҳии кишвар сафар намоям, аммо мутаассифона, бо сабаби маҳдудият ба хотири бемории COVID-19 натавонистам аз ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон дидан намоям.
Азбаски ман шуғли кўҳнавардиро зиёд меписандам, ҳангоми кўҳнавардӣ дар минтақаҳои баланди Тоҷикистон манзараҳои зебоеро медидам. Инро таъкид карданӣ ҳастам, ки Тоҷикистон монанди як биҳиштест, ки кӯҳҳои зебо, обҳои тоза, гулҳои хушнакҳат ва хўрокҳои беназир дошта, мардумони он воқеан хушбахту шодмонанд, ки дар чунин кишвари биҳиштӣ зиндагӣ мекунанд. Бар замми ҳамаи ин, мардуми Тоҷикистон мардуми меҳмоннавозанд ва барои ман ифтихори бузургест, ки бо мардуми дӯстдоштании Тоҷикистон дўстӣ ва ҳамнишинӣ доштам.
АМИТ «Ховар»: — Ташаккури зиёд барои суҳбати самимӣ. Ба Шумо дар фаъолияти минбаъда пешравиҳои беназир таманно дорем.