САДА ДАР РОҒУН. Таҷлили он гувоҳи аз қадим заминдор, чорводор ва ҳунарманд будани тоҷикон аст

Январь 28, 2022 09:19

РОҒУН, 28.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни Сада — иди бостонии тоҷикон дар маркази шаҳри Роғун ҷамъомади идонаи пуршукӯҳ баргузор гардида, зимни он маҳсулоти кишоварзӣ ва  дастранҷи заҳматкашону ҳунарҳои мардумии шаҳр ба маърази тамошои сокинону меҳмонон гузошта шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки  «Сада яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббат, мужда аз фасли зебои сол, яъне баҳор ва оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Ин ҷашн ба ҷузъи таркибӣ ва ҷудоинопазири анъанаҳои миллии мо табдил ёфта, мардуми қадимӣ ва кишоварзу косиб будани ориёитаборонро исбот менамояд. Маросиму суннатҳои ин ҷашни бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон ва дигар халқҳои ориёӣ аз қадим ба заминдорӣ, ҳунармандӣ ва чорводорӣ машғул буда, ба табиат муҳаббати хосса доштаанд. Онҳо дигаргуниҳои табиатро эҳсос карда, барои қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳиву равонии худ ойину ҷашнҳо эҷод кардаанд, ки умеду орзуи одамон дар онҳо самимӣ, табиӣ ва гуворо ифода ёфтаанд».

Ҳамчунин дар ҳамоиш зикр гардид, ки таҷлили расмии иди мазкур далели он аст, ки мардуми шарафманди шаҳри Роғун  дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи асосии худ медонанд.  Аз ин хотир, анъанаву расму оинҳо ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин  сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ монда, ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамоянд.

  АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Январь 28, 2022 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид