Дар Тоҷикистон дар соҳаи энергетика 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ мешавад

Июль 25, 2024 16:15

ДУШАНБЕ, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика амалӣ мешавад. Дар доираи лоиҳаҳои мазкур, дар ҳаҷми 1 миллиарду 431 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷалб карда шудааст. Дар ин хусус Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ин лоиҳаҳо -«Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд», «Ҷорӣ намудани низоми ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000», «Марҳилаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ», «CASA-1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», «Электрофикатсияи деҳот», «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар), «Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика» (кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара») мебошанд.

«Амалигардонии лоиҳаҳои мазкур дар соҳаи энергетика ба татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат, ки яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ дар рушди иқтисодӣ миллӣ арзёбӣ мегардад, равона гардидаанд»,-гуфта шуд дар нишаст.

Инчунин вазир афзуд, ки татбиқи 7 лоиҳаи дигар дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон босуръат идома дорад. Лоиҳаҳои сохтмони «НБО-и Себзор», «Электрофикатсияи деҳот» (қисмати ВМКБ), «Лоиҳаи байнисарҳадии Шуғнон VI ё бунёди хатти интиқоли барқи 110 кВ-и Хоруғ-Шуғнон» (марҳилаи 1), «Лоиҳаи байнисарҳадии Шуғнон VI ё бунёди хатти интиқоли барқи 110 кВ-и Хоруғ-Шуғнон» (марҳилаи 2), «Лоиҳаи самаранокии неруи барқ ва энергияи барқароршаванда» ё худ сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ-и Вамар, асосноккунии техникии неругоҳи Чарсем ва сохтмони 10 километр хатти интиқоли барқи 35 кВ-и Нулванд-Зигар, Бунёди неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 3 МВт дар ноҳияи Шуғнон, лоиҳаи васеъкунии неругоҳи 800 кВ-и неругоҳи офтобӣ дар Мурғоб бо иқтидори иловагӣ ва лоиҳаи «Энергияи хусусии Помир, марҳилаи 3» бо маблағи умумии 133 миллион доллари амрикоӣ аз ҳамин қабиланд.

Марзия САИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2024 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали атласу адрас баргузор мегардад
Ноҳияҳои минтақаи Рашт дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ пешсаф мебошанд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон 338 субъекти хизматрасон ва 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамоянд
Кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Бобои Маҳмад» дар ноҳияи Муъминобод ҳосили хуб ба даст оварданд
Дар Тоҷикистон беш аз 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ. Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» амалӣ мегардад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз шуд
Корҳо ҷиҳати бунёду барқарорсозии роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор – Қалъаихумб тақвият бахшида мешаванд
Дар Женева Шарҳи чоруми фаъолияти экологии Тоҷикистон баррасӣ шуд
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи глобалии Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор дар Бразилия иштирок намуд
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар Туркия нахустин маротиба маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи молия густариш медиҳанд