«Шарҳу тавзеҳи Кодекси андоз дар таҳрири нав». Кумитаи андоз бо мақсади огоҳонидани аҳолӣ саҳифаи махсуси Телеграм ва Viber боз намуд

Январь 4, 2022 16:08

ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Telegram саҳифаи махсусе бо номи «Шарҳу тавзеҳи Кодекси андоз дар таҳрири нав» роҳандозӣ гардид, ки ҳадафи он огоҳонидани мардум аз Кодекси нави андоз арзёбӣ мешавад.

Тавре аз Кумитаи андоз ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд, дар шабакаи мазкур маълумоту иттилооти зарурӣ роҷеъ ба Кодекси нави андоз, шакли электронии он, маълумоти графикӣ дар бораи намудҳои андоз, меъёрҳои андоз, имтиёзу сабукӣ ва ғайра барои шаҳрвандон пешниҳод карда мешаванд. Ҳамзамон дар саҳифаи мазкур саволу ҷавобҳо ҷой дода шудаанд, ки дилхоҳ нафар метавонад аз он маълумоти зарурӣ дастрас намояд.

Ёдовар мешавем, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида, 23 декабри соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонда шуд, ки дар он дар баробари имтиёзу сабукиҳои мавҷуда сабукиҳои нав пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, шумораи андозҳо аз 10 ба 7 номгӯй, меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 ба 15, хизматрасониҳои меҳмонхонавӣ аз 18 ба 7, фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 18 ба 5 фоиз расонида шуд.

Суроғаи саҳифа дар Telegram  https://t.me/nalogtojik

 

Январь 4, 2022 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус