ТАСС: Президенти Тоҷикистон изҳор намуданд, ки нишастҳои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бояд мунтазам баргузор шаванд
ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бояд мунтазам баргузор шавад. Дар ин бора дирӯз, 25 январ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар намуданд, менависад ТАСС.
«Мо ба ҳамкории минбаъда дар доираи механизми Осиёи Марказӣ ва Чин аҳамияти хосса медиҳем. Мо ин сиғаро механизми муҳими рушди ҳамкории минтақавӣ мешуморем. Мо матни изҳороти якҷояро, ки дар натиҷаи маҷлиси имрӯзаи мо қабул шудааст, тарафдорӣ мекунем. Пешниҳод мекунам, ки анъанаи вохӯриҳои навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҷорӣ карда шавад», — иброз доштанд Сарвари Тоҷикистон дар нишасти онлайнии сарони кишварҳои минтақа ва Чин.
Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии Душанберо ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ, аз ҷумла баргузории ҳамоиши сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар соли 2022 таъйид намуданд.
Президенти Тоҷикистон ба зарурати таҷдиди роҳҳое, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайванданд ва аз нав ба роҳ мондани ҳаракати ҳавоӣ миёни кишварҳо ишора намуданд. Ба зикри Президенти Тоҷикистон, Душанбе ба ташкили истеҳсоли муштараки маҳсулоти тиббӣ ва доруворӣ бо Пекин ва интиқоли маҳсулоти кишоварзии худ ба Чин манфиатдор аст.
«Мо ҷонибдори ҳамкории фаъол дар пешбурди энергияи сабз дар чаҳорчӯби ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ» ҳамчун заминаи калидии рушди иқтисоди сабз ҳастем», — афзуданд Президенти Тоҷикистон.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






