ТАВАҶҶУҲ! Қабули довталабон ба Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия эълон мешавад
ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабонро барои таҳсил дар Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия барои солҳои 2022-2023 эълон мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур.
Дар озмун ҷавонписарони аз 16 то 22-сола метавонанд иштирок намоянд. Синни довталабон дар ҳолати 1 сентябри соли қабул ба ҳисоб гирифта мешавад.
Шаҳрвандони хориҷӣ (курсантҳо) ба таҳсили рӯзона дар заминаи таҳсилоти миёна (маълумоти умумии миёна, техникӣ ва маълумоти касбӣ) ва баъди маълумоти миёна қабул карда хоҳанд шуд.
Муҳлати таҳсил аз рӯи барномаи бакалаврӣ 4 сол аст. Омӯзиш ба забони русӣ мегузарад.
Қабули шаҳрвандони хориҷӣ (курсантҳо) ба Академия бо роҳхати мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ сурат мегирад.
Тартиби таълим ва дигар намудҳои таъминот тибқи шартнома ба амал бароварда мешавад.
Довталабон аз рӯи натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ аз забони русӣ, фанҳои физика, математика ва меъёрҳои санҷиши омодагии ҷисмонӣ қабул карда мешаванд.
Хоҳишмандони иштирок дар озмун бояд то охири моҳи июни соли 2022 ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита ариза пешниҳод кунанд.
Ҳуҷҷатҳо дар суроғаи: 734013, Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, 26, Раёсати кадрҳо қабул карда мешаванд. Телефон барои маълумот (+992 37) 227-71-81, факс: 221-91-19.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






