ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Яхобро пас аз рехтани барги дарахтон дар моҳҳои декабр — феврал ду маротиба мондан зарур аст
ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тадбири муҳими агротехникӣ дар фасли зимистон- ин яхобмонӣ мебошад, ки ба захиракунии намӣ, нест кардани ҳашароту зараррасонҳо ва ҳар гуна касалиҳо, баланд бардоштани ҳосилхезии замин, ба даст овардани маҳсулоти босифат ва меваҳои лазизу шаҳдбор замина мегузорад. Яхобро пас аз рехтани барги дарахтон моҳҳои декабр — феврал ду маротиба мондан зарур аст. Аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки ба дарахтони мевадиҳанда ва токзоре, ки дар заминҳои обёришаванда ҷойгир мебошанд, дар фасли зимистон яхоб монда шавад. Ин нуктаро доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.
Ба гуфтаи доктори илмҳои кишоварзӣ, яхобмонӣ на танҳо дар боғу токзор гузаронида мешавад, балки он барои гулу буттаҳо, дарахтони ороишӣ низ аҳамияти калон дорад.
Мавсуф зикр намуд, ки боғу токпарварӣ барои таъмини амнияти озуқавории кишвар мавқеи хосса дорад. Тавре мушоҳида мегардад, сол то сол ҳарорат баланд гардида, аз таъсири он дарахтон, аз ҷумла бодому зардолу барвақт гул мекунанд, ки ин зарари калон дорад. Агар кишоварзон обмонии захиравӣ ва яхобмониро сари вақт гузаронанд, дарахтон дар зимистон карахт шуда, дертар ба нашъунамо сар мекунанд. Сарфи назар аз он ки ҳарорати ҳаво дар зимистон гарм ё сард аст, бояд дар заминҳои кишоварзӣ обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ гузаронида шаванд.
Ҳикматулло Назиров иброз намуд, ки дар натиҷаи яхобмонӣ ва обмонии захиравӣ ҳосилнокии боғҳои себ то 70 — 100, олу 50 — 60, олуболу 60 — 80 ва зардолу то 90 — 100 дарсад зиёд мегардад.
Тавсия дода шуд, ки дар заминҳои лалмӣ аз бориши барф истифода намуда, дар атрофи ток ва дарахтон барфро ҷамъ намудани зарур аст.
Ба тавсияи олими соҳаи кишоварзӣ, дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла дар ноҳияҳои Шаҳритӯс, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ, Қубодиён, Носири Хусрав, Панҷ, Ҷайҳун ва Дӯстӣ ду маротиба яхоб мондан манфиатбахш аст. Зеро ҳарорати ҳаво дар ин ноҳияҳо баландтар мебошад. Инчунин дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд низ ду маротиба яхоб мондани дарахтон тавсия дода мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






