ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Яхобро пас аз рехтани барги дарахтон дар моҳҳои декабр — феврал ду маротиба мондан зарур аст

Январь 5, 2022 14:14

ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тадбири муҳими агротехникӣ дар фасли зимистон- ин яхобмонӣ мебошад, ки ба захиракунии намӣ, нест кардани ҳашароту зараррасонҳо ва ҳар гуна касалиҳо,  баланд бардоштани ҳосилхезии замин, ба даст овардани маҳсулоти босифат ва меваҳои лазизу шаҳдбор замина мегузорад. Яхобро пас аз рехтани барги дарахтон моҳҳои декабр — феврал ду маротиба мондан зарур аст. Аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки ба дарахтони мевадиҳанда ва токзоре, ки дар заминҳои обёришаванда ҷойгир мебошанд, дар фасли зимистон яхоб монда шавад. Ин нуктаро доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.

Ба гуфтаи доктори илмҳои кишоварзӣ, яхобмонӣ на танҳо дар боғу токзор гузаронида мешавад, балки он барои гулу буттаҳо, дарахтони ороишӣ низ аҳамияти калон дорад.

Мавсуф зикр намуд, ки боғу токпарварӣ барои  таъмини амнияти  озуқавории кишвар мавқеи хосса дорад. Тавре мушоҳида мегардад, сол то сол ҳарорат баланд гардида, аз таъсири он  дарахтон, аз ҷумла бодому зардолу барвақт гул мекунанд, ки ин зарари калон дорад. Агар кишоварзон обмонии захиравӣ ва яхобмониро  сари вақт гузаронанд, дарахтон дар зимистон карахт шуда, дертар ба нашъунамо сар мекунанд. Сарфи назар аз он ки ҳарорати ҳаво дар зимистон гарм ё сард аст, бояд дар заминҳои кишоварзӣ обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ гузаронида шаванд.

Ҳикматулло Назиров иброз намуд, ки дар натиҷаи яхобмонӣ ва обмонии захиравӣ ҳосилнокии боғҳои себ то 70 — 100, олу 50 — 60, олуболу 60 — 80 ва зардолу то 90 — 100 дарсад зиёд мегардад.

Тавсия дода шуд, ки дар заминҳои лалмӣ аз бориши барф истифода намуда, дар атрофи ток ва дарахтон барфро ҷамъ намудани зарур аст.

Ба тавсияи олими соҳаи кишоварзӣ, дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла дар ноҳияҳои Шаҳритӯс, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ, Қубодиён, Носири Хусрав, Панҷ, Ҷайҳун ва Дӯстӣ ду маротиба яхоб мондан манфиатбахш аст. Зеро ҳарорати ҳаво дар ин ноҳияҳо баландтар мебошад. Инчунин дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд низ ду маротиба яхоб мондани дарахтон тавсия дода мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 5, 2022 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд
«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд