Тоҷикистон ва Туркия ба мувофиқа расиданд, ки рӯзҳои фарҳангӣ баргузор намоянд

Январь 13, 2022 09:31

ДУШАНБЕ, 13.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 январ вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашарафҷон Гулов бо Вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Меҳмет Эрсой баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба корбариҳо дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Комиссияи муштараки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия ибрози назар намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади васеъ муаррифӣ намудани иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шурӯъ аз 1 январи соли 2022 ҷорӣ гардидани низоми бидуни раводид ворид шудани шаҳрвандони Туркия ба Тоҷикистон Сафорат ҷиҳати ташкил ва баргузории Форуми сайёҳии ду кишвар дар яке аз шаҳрҳои Туркия кор бурда истодааст.

Инчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни ду кишвар чорабиниҳо ва конфронсу нишастҳои дахлдор, аз ҷумла рӯзҳои фарҳангӣ ташкил ва баргузор намоянд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, шаҳрвандони Тоҷикистон низ метавонанд дар ҳудуди Туркия бидуни раводид то 90 рӯз буду бош намоянд.

Бояд гуфт, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2022 барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Туркия, Аргентина, Белгия, Олмон, Канада, ИМА, Фаронса, Ҷопон ва ғайра барои ворид шудан ба ҷумҳурӣ низоми бидуни раводид ҷорӣ карда шудааст.

«Муҳлати будубоши шаҳрвандони кишварҳои номбурда дар ҳудуди Тоҷикистон 30 рӯз муқаррар шудааст. Дар айни ҳол тибқи қарори дигари қабулнамудаи Ҳукумати кишвар,  шаҳрвандони боз 14 кишвар ба рӯйхати давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандонашон ҳуқуқи гирифтани раводид бо тартиби содакардашуда доранд, дохил карда шуданд. Ҳоло шумораи ин гуна давлатҳо ба 112 мерасад»,- чунин бармеояд аз маълумоти сомонаи Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Январь 13, 2022 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд