Тоҷикистон ва Туркия дурнамои ҳамкории ду кишварро дар самти мудофиа баррасӣ намуданд

Январь 19, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 19.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 январ дар Анқара вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулуси Акар доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишварро дар самти мудофиа мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба вазъи минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд», таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Бояд зикр намуд, ки имсол ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия 30 сол пур мешавад. Сафорати Ҷумҳурии Туркия моҳи марти 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1995 дар Анқара ифтитоҳ гардид. Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул соли 2011 ба кор шурӯъ намуд.

То ба имрӯз панҷ даври машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе ва Анқара доир шуданд.

Байни ду кишвар зиёда аз 65 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз беш аз даҳ нишасти Комиссия дар Душанбе ва Анқара баргузор гардидааст.

Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон нақши муҳим мебозад ва аз ҷониби ин Агентӣ дар Тоҷикистон даҳҳо лоиҳаҳо татбиқ шудаанд.

АКС: ВКХ ҶТ

Январь 19, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард