Тоҷикистон ва Туркия оид ба имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳӣ ҳамоиш доир менамоянд

Январь 20, 2022 15:55

ДУШАНБЕ, 20.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 январ вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо муовини Вазири энергетика ва захираҳои табиии Туркия Алпарслан Байрактар баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот  ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии ҳамкорӣ ва иқиқдомҳои оянда ҷиҳати тақвияти онҳо дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳӣ, алалхусус дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ибрози назар намуданд.

Инчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати дастрас намудани маълумоти бештар оид ба имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар фурсати наздик дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳӣ вохӯриҳои маҷозӣ ташкил намуда, аз натиҷаи онҳо ҳайатҳои тиҷоратии хешро ба Тоҷикистон ва Туркия сафарбар менамоянд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки соҳаи энергетика яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Соҳаи мазкур бо назардошти захираҳои фаровони обӣ ва иқтидори тавлиди неруи барқ дар ҳаҷми 527 миллиард кВс таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷиро ба кишвар ҷалб менамояд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо чаҳор ташаббуси бузурги ҷаҳонӣ оид ба об яке аз кишварҳои пешсаф дар масъалаҳои обӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: ВКХ ҶТ

Январь 20, 2022 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд