ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: То 22 январ ҳаво боронӣ боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барфи шадид меборад

Январь 20, 2022 13:44

ДУШАНБЕ, 20.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 22 январ ҳаво боронӣ боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии кишвар барфи шадид меборад ва шамол бо суръати 17-22 метр дар як сония мевазад. 21-22 январ дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ ва дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Варзоб — Айнӣ – Хуҷанд, Ваҳдат – Рашт – Тоҷикобод – Лахш, Душанбе — Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб хатари лағзиши тарма ва резиши  санг боқӣ мемонад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин рӯзҳо аз сабаби бориши зиёди барф ва шамоли  сахт эҳтимоли канда шудани сими интиқоли барқро  дар минтақаҳо ба  миён  омада, дар кӯҳҳо ва роҳҳои мошингарди кӯҳӣ ҳолатҳое, назири тӯдашавии барф, яхбандӣ ва ғайра ба вуҷуд меоянд, ки ин ҳаракати мошинҳоро душвор мекунад. Дар чунин вазъи ҳаво  шикастани шоху танаи дарахтон ва симчӯбҳои сустниҳоди рекламаҳо низ имкон дорад, ки ин ҳама метавонад ба ҷони инсонҳо ва равуои мошинҳо хатар эҷод кунад.

Аз ин рӯ КҲФ ва МГ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки  дар ин чунин  рӯзҳо аз равуои безарурат худдорӣ намоянд. Рафтан ба кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, ширкор ва чоравочаронӣ низ бехатар нест.

«Хонаҳоро гарм нигоҳ доред, аз асбобҳои барқӣ дуруст истифода бурда, нагузоред, ки онҳо сабаби сӯхтор шаванд. Ронандагон бояд пеш аз сафар омодагии мошинҳоро санҷанд, чархҳои тобистониро бо зимистонӣ иваз кунанд, барои эҳтиёт арғамчин, бел, регу шағал, ғизои гарму захираи кофии обу бензин бо худ дошта бошанд. Ба хотири таъмини амнияти худ ва ҳамсафаронатон ҳаргиз суръати ҳаракатро боло набаред, оҳиста ва дур равед. Фаромӯш накунед, ки шуморо ҳамеша фарзандону пайвандонатон интизоранд. Риояи фосила миёни мошинҳоро ҳатман риоя кунед»,- таъкид менамояд  КҲФ ва МГ.

АКС : КҲФ ва МГ

Январь 20, 2022 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид