Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба ҷанги густурда бо толибон омодагӣ мегирад
ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон (ҶММА) таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд дар саросари кишвар бар зидди толибон ҷанг эълон кардааст. Дар ин бора дар суҳбат бо «Afganistan International»сардори бахши равобити хориҷии ҶММА Алӣ Майсам Назарӣ изҳори назар намуд, иттилоъ додааст 6 феврал агентии хабаргузории русии «Sputnik».
Номбурда таъкид кардааст, ки ҷангиён моҳҳои наздик ба марҳилаи фаъоли ҳамла мегузаранд. Дар баробари ин Ҷабҳа ният дорад, ки ба муқобили радикалҳо то замони пурра аз ҳокимияти онҳо озод кардани ҷумҳурӣ мубориза барад.
Ба гуфтаи Назарӣ, ҶММА ба пирӯзии худ шубҳа надорад.
Қаблан намояндаи ҷабҳа аллакай аз нақшаҳои ҷанги калон бо толибон дар мусоҳиба бо рӯзномаи белгиягии Le Sur хабар дода буд. Ҳамон вақт вай зикр карда буд, ки ҷанговарон пас аз зимистон ба ҳуҷум мебароянд.
Ҳадафи аслии сафари Назарӣ ба Аврупо муътақид кардани намояндагони ин кишварҳо ба идомаи мубориза бо терроризм буд. Вай тазаккур дод, ки ҳукумати феълии Афғонистон аз ихтилоф пора-пора шуда, он «заиф ва идоранашаванда аст».
Бинобар сардии ҳаво, ҶММА вақтҳои охир амалиёти зиёд анҷом намедиҳад. Бо вуҷуди ин, ҷангиён ба муқобили толибон устуворона муқовимат мекунанд. Чанде пеш онҳо ба ифротгароён дар вилояти Панҷшер бори дигар ҳамла карданд. Ғайр аз ин, ҷабҳа бо ҷангҷӯён дар дигар вилоятҳои Афғонистон низ меҷангид.
Дар бораи тағйироти глобалӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2022 қаблан сардори неруҳои вижаи ҳукумати собиқи кишвар генерал Фарид Аҳмад низ таъкид намуда буд.
Дар навбати худ коршинос оид ба Афғонистон Андрей Серенко изҳор кард, ки ҶММА ба амалиёти ҷангӣ омодагӣ мегирад ва барномаи сиёсиро фаъолона таҳия мекунад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз тасарруфи қудрат дар ин ҷумҳурӣ аз сӯи толибон маҳз Панҷшер чанд муддат ягона вилояте буд, ки аз ҷониби ҷангҷӯён таҳти назорат қарор надошт. Дар ин вилоят Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ташкил карда шуд, ки он ҳоло ҳам муборизаро бо тундгароён давом медиҳад.
АКС: © AFP 2021/AHMAD SAHEL ARMAN








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






