Абдулҳаким Розиқзода: Зарур аст, ки шӯроҳои диссертатсионӣ рисолаҳои пурғалату сатҳу сифаташон сустро барои ҳимоя қабул накунанд
ДУШАНБЕ, 19.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 ба Комиссияи аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 729 диссертатсия ворид шудааст, ки 415 адад тасдиқ ва 97-тои он рад карда шудааст. Дар ин бора Раиси Комиссияи аттестатсионӣ Абдулҳаким Розиқзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Баъзе шӯроҳои диссертатсионӣ ба талабот ва тартиби барасмиятдарории диссертатсия ва авторефератҳо аҳамият надода, дар таъйин намудани муқарризони расмӣ талаботи бандҳои дахлдори Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ ва тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмиро ба назар намегиранд. Баъзан дар таъйин кардани муқарризони расмӣ ба хешутаборчигӣ ва ошнобозӣ роҳ медиҳанд, ки Комиссия бо чунин падидаҳо ҳаргиз муросо намекунад ва чунин диссертатсияҳо ҳатман баргардонида мешаванд.
Абдулҳаким Розиқзода иброз дошт, ки бисёр ҷойи таассуф ва боиси нигаронист, ки баъзан шӯроҳои диссертатсионӣ диссертатсияро ҷиддӣ наомӯхта, асолати онро дуруст насанҷида, экпертизаи дохилиро ҷиддӣ нагузаронида, ҳимояро ташкил менамояд ва парвандаи аттестатсиониро бо ғалатҳои зиёд ба Комиссия ирсол мекунанд. Чунин ҳолат нигаронкунанда ва боиси изтироб аст.
Камбудии дигаре, ки имрӯз Комиссияро ба ташвиш овардааст, асолати пасти баъзе диссертатсияҳо мебошад. Ҳатто баъзе диссертатсияҳо бо мақсади фиреб додани барномаи компютерии зидди асардуздӣ ба амалҳои нопок даст мезананд. Барои ошкор нагаштани асардуздӣ довталаб дар матни диссертатсияаш рамзҳои номаълум мегузорад, ки онро барнома муайян накунад, вале мо боз эксперте дорем, ки онро ошкор мекунад.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ аз 56 шӯроҳои диссертатсионӣ 53-то фаъолият доранд, ки аз рӯйи 171 ихтисоси анъанавӣ ва 109 ихтисоси доктори фалсафа (PhD) диссертатсияҳоро барои ҳимоя қабул карда метавонанд. Аз шумораи умумии шӯроҳои диссертатсионӣ 14 – то ба илмҳои табиӣ-техникӣ, 11-то ба илмҳои тиббӣ, биологӣ ва аграрӣ ва 29-то ба илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ рост меояд.
Мутаассифона, бинобар сабабҳои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва вуҷуд доштани норасоиҳои ҷиддӣ, фаъолияти ду шӯрои диссертатсионӣ қатъ карда шуда, фаъолияти як шӯрои диссертатсионӣ муваққатан боздошта шуд.
Таҷриба ва экспертизаи диссертатсияҳо нишон дод, ки роҳбарони илмӣ, муқарризони расмӣ, муассисаи тақриздиҳанда, ба мубрамӣ, аҳамияти амалӣ, алоқамандии он ба истеҳсолот, навоварии илмӣ таваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намекунанд.
Ҳолатҳое маълуманд, ки шӯроҳои диссертатсионӣ диссертатсияро ҷиддӣ наомӯхта, асолати онро дуруст насанҷида, ҳимояро гузаронида, парвандаи аттестатсиониро ба Комиссия ирсол намудаанд. Албатта, беҳтар мебуд ва ҳатман зарур аст, ки шӯроҳои диссертатсионӣ корҳои суст, нопухта, камрангу камаҳамият ва серғалатро умуман барои ҳимоя қабул накунанд. Дар сурати аз шӯрои диссертатсионӣ гузаштани диссертатсияҳои хом ва баъди дар Комиссия ошкор гаштани камбудиҳои ҷиддӣ чунин диссертатсияҳо, албатта, баргардонида мешаванд ва табиист, ки норозигӣ ва даъвою шикоятҳои диссертант, роҳбари илмӣ оғоз гашта, ба идораву мақомоти гуногуни давлатӣ муроҷиат мекунанд. Баъди он фишороварии аёну ноаён, хоҳишҳо ва илтимосҳои нозаруру бемавқеъ оғоз мегарданд ва аз ҳама аламовар ин аст, ки баъзан Комиссия ва кормандони он мувоҷеҳи туҳмату шикоятҳои беасос мегарданд.
Ба доираи илмии кишвар хуб маълум аст, ки ба сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, диссертатсияҳо, пеш аз ҳама кафедра ё шуъба ва муҳимтар аз ҳама, шӯрои диссертатсионӣ масъул аст. Дар ин марҳилаҳо кори илмӣ гаштаю баргашта коркард, таҳриру сайқал ёфта, баъдан бояд ба ҳимояи расмӣ бароварда шавад. Дар ин зинаҳо худи диссертант, олими ҷавон низ пухтаву соҳибтаҷриба мегардад. Дар ин раванд моро зарур аст, ки дар интихоби магистрантҳо бодиққат бошем ва танҳо ба онҳое имконияти гузаштан ба зинаи болотари таҳсилро диҳем, ки аъло мехонанд, ба кори илмӣ-таҳқиқотӣ завқу рағбат дошта, дорои таффакури амиқи илмӣ мебошанд. Дар акси ҳол, иқтидори зеҳнию илмии мамлакат боз ҳам заифтар гашта, олимонамон дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатнопазир мегарданд.
Боз як нуктаи нозук ва ниҳоят муҳимро бояд таъкид кард, ки Комиссия ҳаргиз ба сатҳу сифати диссертатсияҳо бетаваҷҷуҳ нест ва дар ин робита то ҷое, ки имкон дошт, ба шӯроҳои экспертӣ ғолибан олимони варзидаву принсипнокро ҷалб намудааст, то ки ба диссертатсияҳо баҳои ҳаққонию объективона дода шавад. Вале мушкилӣ дар он аст, ки кӣ шогирди кист, ё диссертатсия барои экспертиза ба кадом мутахассис шояд фиристода шавад ва дар ин мавридҳо ашхоси манфиатдор дар ҷустуҷӯи роҳҳои таъсиррасонӣ ба экспертҳо мешаванд. Ин ҳолат моро водор месозад, ки оҷилан тадбирҳои иловагӣ андешида, дарҳол экспертро иваз намоем.
Абдулҳаким Розиқзода гуфт, ки ба сатҳу сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ, диссертатсияҳо, натиҷаҳои амалии онҳо асосан вазорату идораҳои дахлдор, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти олӣ ва шӯроҳои диссертатсионӣ масъул мебошанд. Дар ин зинаҳо корҳои илмию таҳқиқотӣ бояд гаштаю баргашта коркард ва сайқал ёфта, оид ба татбиқи амалии онҳо натиҷагирӣ шуда, баъдан ба ҳимояи ошкоро бароварда шаванд. Танҳо дар ҳамин ҳолат натиҷаҳои илмӣ ва дастовардҳои амалии муаллиф зери шубҳа намемонанд.
«Итминони мо комил аст, ки зина ба зина, марҳила ба марҳила ин камбудиҳо бартараф ва мушкилоти давраи аввал пушти сар хоҳанд гашт», — тазаккур дод мавсуф.
АКС: АМИТ «Ховар»








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






