Агентии назорати маводи нашъаовар соли 2021 дар Тоҷикистон пеши роҳи фаъолияти 3 гурӯҳи мутташакили ҷиноятиро гирифт
ДУШАНБЕ, 19.02.2022/АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 47 гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 107 нафар ошкор ва 3 гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро дар ҳайати 4 нафар қатъ гардонид. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ 17 феврал директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода иттилоъ дод.
Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ нишон медиҳад, ки соли 2021 159 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ошкор гардиданд, ки ин нисбат ба соли 2020 15 ҷиноят ё 10,4 фоиз зиёд мебошад.
Бино ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидзода, аз ин шумора 101 ҷиноят оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш, 27 ҷиноят оид ба муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, 1 ҷиноят оид ба фасодхона, 14 ҷиноят оид ба қочоқи маводи нашъадор ва боқимондаро дигар ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ташкил медиҳанд.
«Дар ин давра аз ҷониби Агентӣ 134 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 198 нафар ба судҳо ирсол гардида, ба молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 344 ҳазору 200 сомонӣ ҳабс гузошта шуд», — тазаккур дод ӯ.
Тавре директори Агентӣ зикр кард, соли гузашта 289 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва 315 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо 235 ҳазору 422 сомонӣ ба буҷети давлат ҷарима ситонида шуд.
Дар ин давра ҳамчунин 20 нафар шахсони дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта дастгир карда шуданд.
Дар умум соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 118 ҷинояти умумӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2020 2,8 % ё 658 ҷиноят зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифта 707 ҷиноят марбут ба маводи нашъадор мебошанд, ки дар қиёс ба соли 2020 1 фоиз ё 7 ҷиноят зиёд ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ бақайдгирифта 2,9 фоизро ҷиноятҳои мухаддиротӣ ташкил медиҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад






