Ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ тақвият меёбад

Февраль 8, 2022 15:03

ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар бахши сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон бо иштироки намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба АМИТ “Ховар” дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни мулоқот сафир миннатдории худро ба ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии таъсиси гурӯҳи корӣ бо мақсади пажӯҳиш, арзёбӣ ва коркарди Нақшаи амали Шӯрои иҷроия дар Маҷмаи Умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) изҳор намуд.

Инчунин зимни вохӯрӣ Сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе оид ба Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии сайёҳии Риёз, ки баргузории он моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ба нақша гирифта шудааст, маълумот дода, даъват ба амал овард, ки намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори он иштирок варзанд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ оид ба имтиёзҳои роҳандозигардида аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла раводид, имтиёзҳо барои сармоягузорон маълумот дода, зикр кард, ки соҳаи сайёҳӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ҳумчунин дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба имзои санади ҳамкорӣ, ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ

Февраль 8, 2022 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид