«Амонатбонк»: Қарзҳои ипотекӣ интизори муштариёнанд
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Амонатбонк» охири соли гузашта қарзҳои ипотекӣ роҳандозӣ намуд, ки интизори муштариён мебошанд.
Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди он ки дар «Амонатбонк» меъёри қарзҳои ипотекӣ чӣ гуна буда, то куҷо ба мардум дастрас аст, раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти матбуотии ниҳодаш чунин посух дод:
«Мо аллакай тибқи низомнома қарзҳои ипотекиро фаъол карда, дар ин муддат ба 34 нафар корманди «Амонатбонк» қарзҳои ипотекӣ (бо имтиёз) пешниҳод намудем. Меъёри фоизи миёнаи қарзҳои ипотекии мо аз 22 то 25 фоиз ба муҳлати то 10 сол муқаррар гардидааст, вале аз сабабе, ки ин меъёр баланд аст, муштариён то ҳол муроҷиат накардаанд».
Бояд гуфт, ки қарзи ипотекӣ як намуди қарзест, ки барои хариди манзил пешбинӣ мешавад. Албатта, ин намуди қарз ба мизоҷон бо иҷрои уҳдадорӣ ва шартҳои муайян пешниҳод мегардад. Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои пешниҳоди қарзи ипотекӣ фароҳам оварда шудаанд.
Таҳлилгарони масъалаҳои иқтисодӣ мегӯянд, ки дар сурати аз 10-15% боло будани қарзи ипотекӣ самаранокии он зери суол меравад.
Таҳлилгари масъалаҳои иқтисодӣ Далер Абдулло дар ин маврид изҳор дошт, ки «пешниҳоди карзҳои ипотекӣ ба ҷалби захираҳои молиявӣ вобастагӣ дорад. Қарзҳои ипотекӣ, ки ба муҳлати дароз пешниҳод карда мешаванд, табиист, ки муддати тӯлонӣ маблағҳо аз гардиши бонк мемонанд ва гузашта аз ин, дар мавриди беқурбшавии пул дар ин муддат бояд андеша кард. Бонкҳои мо пешниҳоди дилхоҳ қарзро вобаста ба воситаҳои ҷалбкарда- маблағҳояшон ба роҳ мемонанд. Яъне агар бонкҳои мо захираҳои молиявиро бо фоизи паст ҷалб намоянд, он гоҳ фоизи қарзҳои ипотекӣ низ самаранок хоҳад шуд. Аз ин ҷост, ки дар пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ бонкҳо аз эҳтиёт кор мегиранд, зеро дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бархе аз бонкҳо аз рӯйи ҳамин хизматрасонӣ муфлис шудаанд».
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми қарзҳои додашуда дар соли 2021 маблағи 13,7 млрд сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2020 37 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда аз рӯи соҳаҳо ба соҳаи истеъмолот 35,5 фоиз, кишоварзӣ 15,4 фоиз, савдои хориҷӣ 14,0 фоиз, хизматрасонӣ 13,1 фоиз, саноат 10,3 фоиз, сохтмон 3,9 фоиз, нақлиёт 0,7 фоиз ва дигар соҳаҳо 7,1 фоиз рост меояд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид






