«Амонатбонк» соли 2021 «Андозсупорандаи беҳтарин» эътироф гардид

Февраль 7, 2022 14:43

ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соли гузашта дар асоси хулосаи комиссияи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ «Андозсупорандаи беҳтарин»  дар  соли 2021 эътироф гардид.

Сирри ин муваффақиятро  дар самти ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ  дар  масъулиятшиносию чашмикордонӣ ва фаъолияти пурсамари кормандони бонк дар самти   иҷрои софдилонаи қонунгузории андоз арзёбӣ намуд.

Сироҷиддин Икромӣ 7 феврал дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони расонаҳои дохилию хориҷӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти «Амонатбонк» дар соли гузашта иброз намуд, ки  «дар соли сипаригардида «Амонатбонк»  бо хизматрасониҳои бонкӣ дар рушди иқтисодиёт ва  ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ саҳми босазо гузошта, ба буҷети  давлатӣ 110 миллион сомонӣ  андозу пардохтҳои  ҳатмӣ пардохт намуд, ки  дар қиёс ба соли 2020  беш аз 13 миллион сомонӣ ё 14,2 фоиз зиёд мебошад».

Дар маҷмӯъ ҳайати кормандони сеҳазорнафараи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соли гузашта ба зиёда аз 23 ҳазор корхонаю ташкилот, беш аз 770 ҳазор нафар нафақагирони мақомоти  ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ  ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, беш аз 1, 7 миллион  амонатгузорон тавассути 75 филиал ва  547 маркази хизматрасонии бонкӣ  дар тамоми манотиқи Тоҷикистон хизмати бонкӣ пешниҳод намудааст.

     АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2022 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2136 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1126 сомонӣ муқаррар шудааст