Ҷамшед Ҷумъахонзода ва Озан Севимлӣ рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Февраль 28, 2022 10:33

ДУШАНБЕ, 28.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода 24 феврал бо Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон Озан Севимлӣ вохӯрӣ намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноат.

Зимни вохӯрӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода аз дастгириҳои доимии Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати амалӣ гардонидани якчанд лоиҳаҳо дар соҳаҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, доир ба фаъолият ва нақшаҳои Палата ҷиҳати дастгирии бахши хусусии кишвар ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба мамлакат маълумоти мухтассар пешниҳод намуд.

Дар мулоқот Озан Севимлӣ аз фаъолияти Палата дар самти дастгирии бахши хусусии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки рушди бахши хусусӣ дар ҳама кишварҳои пешрафта дар мадди аввал қарор дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт аҳамияти ҷиддӣ зоҳир ва ҷиҳати рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон шароити нав фароҳам менамояд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда дар самти мусоидат ба рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон изҳор намуданд.

 

АКС: Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Февраль 28, 2022 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд