«АРТИШИ МИЛЛӢ-КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ». Дар вилояти Суғд таҳти ин унвон ҳамоишҳо доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зери унвони “Артиши миллӣ-кафили Истиқлолияти давлатӣ” ҳамоишҳо ҷараён доранд.
Тавре корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилоят Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, чунин ҳамоишҳо, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан доир шуда, дар доираи он сарбозону афсарон аёдат карда шуданд.
Дар шаҳри Хуҷанд масъулин ба қисми ҳарбии РВКД дар вилояти Суғд омада, дар суҳбат бо сарбозон иброз доштанд, ки «имрӯз ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ дошта, онро ҳифз мекунанд. Аз баракати сулҳу оромист, ки пешрафти босуботи кишвар таъмин ва баҳри зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд».
Зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ сол ба сол беҳтар шуда, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қодиранд манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рўз аз рўз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.
Дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Истаравшан низ мулоқоту суҳбатҳо гузаронида шуда, масъулини ниҳодҳои давлатӣ ҷавононро ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва сарбозонро ба хизмати софдилонаву содиқона ҳидоят менамуданд.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






