Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» роҳҳои мутобиқшавӣ ба шароити тағйирёбии иқлимро шарҳ медиҳад
ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар саросари ҷаҳон сармоягузории 1,8 триллион доллар барои низомҳои огоҳсозии барвақтӣ, инфрасохтори ба иқлим тобовар, баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ, ҳифзи ҷангалзор ва идоракунии устувори об имкон медиҳад, ки ҳам аз ҷиҳати хароҷоти пешгиришуда ва ҳам манфиатҳои гуногуни иҷтимоӣ ва экологӣ 7,1 триллион доллар даромад ба даст оварда шавад. Ин дар ҳоле мебошад, ки тағйирёбии иқлим ҳамчун мушкилоти глобалӣ ҷомеаи ҷаҳонро бо пайомадҳои манфии худ нигарон карда, аҳли ҷомеаро барои андешидани тадбирҳо ҷиҳати мутобиқшавӣ ба он водор сохтааст.
Таъсири тағйирёбии иқлим вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ метавонад гуногун бошад. Пайомадҳои он метавонанд дар шакли сӯхтор ё обхезӣ, хушксолӣ, рӯзҳои нисбатан гарм ва сард ва ё болоравии сатҳи баҳр зоҳир шаванд.
Вобаста ба пешгирии пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим роҳҳои зиёди мутобиқшавӣ мавҷуданд. Масалан, барои салқин нигоҳ доштани хона шахс метавонад дар атрофи он дарахт шинонад. Тоза кардани майдони буттаҳо метавонад хатари сӯхторро кам кунад. Бо истифода аз навъҳои нави зироат, дастрасӣ ба системаҳои огоҳкунанда аз обу ҳаво ва андешидани дигар тадбирҳои мутобиқшавӣ аз системаҳои обёрии бо неруи офтобӣ истифодашавандаи бештари хоҷагиҳо то соли 2050 аз талафоти ҳосили ҷаҳонии зироат то 30% пешгирӣ карда мешавад. Коршиносони соҳа ташкили гармхонаҳо ва сардхонаҳоро низ барои пешгирии талафоти зироати кишоварзӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим воситаи манфиатбахш меноманд.
Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба масъалаи роҳҳои мутобиқшавии олами растаниҳо ба тағйирёбии иқлим имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» бо иштироки устоди кафедраи экологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Исломиддин Саидов дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.