«БИЁ, БО ҲАМ БИХАНДЕМ!». Вазорати фарҳанг таҳти ин унвон Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигоронро баргузор менамояд

Февраль 9, 2022 10:58

ДУШАНБЕ, 09.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ривоҷу равнақ додани фаъолияти гурўҳҳои ҳаҷвнигори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, пайдо намудани чеҳраҳои нави ҳаҷвнигор, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба ҳазлу мутоиба, мусоидат дар фароғату оромиши шаҳрвандон Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигоронро  таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!» баргузор менамояд, Даври ниҳои он  30-31 март ва гулчини Фестивал 1 апрели соли 2022 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷўраев баргузор мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар  Вазорати фарҳанги мамлакат.

Тибқи иттилои манбаъ, фестивали мазкур дар се давр баргузор гардида, масъулини раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даври аввали онро моҳи январ дар сатҳи маҳал баргузор намуда, 4 дастаи ҳунарии беҳтаринро ба даври дуюм бо протоколи ҳайати ҳакамон пешниҳод мекунанд. Даври дуюм моҳҳои феврал-март дар маркази минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуда, аз ҳар минтақа 1 дастаи ҳунарӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат мегирад. Фестивал аз рўйи 7 номинатсия бо назардошти вақти муайяни давомнокӣ баргузор мегардад: Интермедия (то 4 дақиқа); Аскиягўӣ (то 5 дақиқа); Тақлидкорӣ (то 3 дақиқа); Латифагўӣ (то 8 дақиқа); Суруди ҳаҷвӣ (то 5 дақиқа);  Монологи ҳаҷвӣ (то 4 дақиқа) ва Саҳначаи ҳаҷвӣ (то 7 дақиқа).

Мавзӯъҳо бояд масъалаҳои доғи рўз ва таълиму тарбияи насли наврасро фаро гирифта, ҳазлҳо набояд сабуку коста бошанд. Шумораи аъзои дастаи ҳунарӣ то 10 нафар мебошад. Масъулини дастаҳои ҳунарӣ бояд пеш аз оғози чорабинӣ барнома ва рўйхати иштирокчиёнро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намоянд. Баҳогузорӣ аз 5 то 10 хол аст. Ҳамаи даврҳои Фестивал тавассути шабакаҳои телевизионӣ сабт ва инъикос карда мешаванд.

Дар Фестивал аз рўйи номинатсияҳо чунин мақомҳои ифтихорӣ муқаррар карда шудааст:»Беҳтарин интермедия»; «Беҳтарин аския»; «Беҳтарин тақлидкорӣ»; «Беҳтарин латифа»; «Беҳтарин суруди ҳаҷвӣ»; «Беҳтарин монологи ҳаҷвӣ»; «Беҳтарин саҳначаи ҳаҷвӣ» ва «Иштироки фаъолона».

Ҳамаи иштирокчиён бо Дипломи Барандаи Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд. Инчунин, аз ҷониби ҳамоҳангсозони Фестивал созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъол, кормандони васоити ахбори омма, муассисаву ташкилотҳо ва шахсони алоҳида тибқи дархост бо мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла нишонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз мегарданд.

Дастгирии иттилоотии фестивалро  АМИТ «Ховар», Телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии телевизионҳои «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Синамо», «Душанбе», «Шаҳнавоз», рўзномаҳои «Баҳори Аҷам», «Мароми пойтахт», маҷаллаҳои «Тоҷикистон», «Истиқбол», «Хорпуштак», инчунин телевизиону радио ва матбуоти даврии маҳаллӣ ба уҳда доранд.

Февраль 9, 2022 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад