БО КАДОМ ҲАДАФ? Толибон* ҷангиёни худро ба сарҳадҳои шимолӣ наздик меоранд

Февраль 15, 2022 13:02

ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукуматдорони нави Афғонистон ният доранд, ки гурӯҳи калони ҷангиёни худро ба сӯи марзҳои Тоҷикистон ва Узбекистон равон кунанд. Дар ин бора дирӯз, 14 феврал сардори ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи толибон* Қорӣ Фасиҳуддин Фитрат дар саҳифаи Twitter-и худ хабар додааст.

Сухан дар бораи артиши 10 000-нафарае меравад, ки ба гуфтаи Фитрат, бо намунаҳои аслиҳаи пешрафтаи Ғарб мусаллаҳ аст.

«Артиши пурқудрати 10 000-нафара, ки бо муосиртарин фанновариҳои низомҳои СААШ ва ИМА муҷаҳҳаз шуда, дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии кишвар мустақар гардидиааст, бар зидди ҳама гуна амалиёти мусаллаҳона тадбир меандешад», — таъкид кард Фитрат. Ин гурӯҳ, ба гуфтаи раиси ситоди генералии толибон, тавассути авиатсияи ҷангӣ, яъне ҳавопаймоҳо дастгирӣ меёбад.

Маҳз кадом музофотро Фитрат дар назар дорад, маълум нест, вале дар қисмати шимолии Афғонистон Балх бо Узбекистон ҳаммарз буда, дар шимолу шарқ якбора 3 вилоят:  Кундуз, Тахор ва Бадахшон бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаблан изҳор намуда буданд, ки дар наздикии марзҳои ҷанубии кишварҳои СААД, дар шимолу шарқи Афғонистон беш аз 6 ҳазор силоҳбадастон ҳузур доранд. Дар ин бора Пешвои миллат 10 январи соли 2022 дар нишасти ғайринавбатии ин Созмон оид ба вазъи Қазоқистон хабар дода буданд.

«Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти хадамоти махсуси Тоҷикистон, шумораи урдугоҳҳо ва марказҳои таълимии террористон, ки бо марзҳои ҷанубии СААД дар вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон ҳаммарзанд, беш аз 40 адад буда, шумораи онҳо ба беш аз 6 ҳазор ҷангҷӯ мерасад», — зикр намуданд Сарвари давлат.

Баъдан дар ин бора сардори ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров иттилоъ дода, изҳор дошт, ки дар марзҳои шимолии Афғонистон ҳудуди 40 урдугоҳи тамринӣ фаъолият мекунад, ки дар он ҳазорон нафар ҷангҷӯёни гурӯҳҳои мухталифи террористӣ қарор доранд.

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу низ дар суҳбат бо ҳамтои британиягии худ Бен Уоллес дар бораи теъдоди террористон дар шимоли Афғонистон изҳори назар кард.

Вазири мудофиаи Русия гуфт, ки шумори террористони «Давлати исломӣ»* дар минтақа ду баробар афзоиш ёфтааст.

Шойгу ҳамчунин аз истифодаи силоҳҳои боқимондаи неруҳои эътилофи ғарбӣ аз сӯи террористон изҳори нигаронӣ карда, арзиши тахминии аслиҳаро 80 ​​миллиард доллар арзёбӣ кард.

 

_____________________

* «Толибон», ДОИШ — созмонҳое, ки дар Тоҷикистон ва якчанд давлатҳои дигар террористӣ эътироф шудаанд

 

АКС: TASS/AP/Sergei Grits

Февраль 15, 2022 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд