БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН. Нашриёти «Адиб» маҷмӯаи «Ахтарони адаб»-ро иборат аз 50 ҷилд аз чоп баровард
ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст дар таърихи кишвар бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби Фонди захиравии Сарвари давлат силсилаи китобҳои қаламкашони барҷастаи тоҷик «Ахтарони адаб» иборат аз 50 ҷилд бо сифати баланд ба нашр расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба итмом расидани нашри силсилаи мазкур воқеаи ниҳоят фараҳбахши фарҳангӣ ва таърихӣ мебошад. Дар ин силсилакитоб осору ашъори адибони тоҷик аз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то нависандагону шоирони муосири мо гирд оварда шудаанд.
Маросими рӯнамоии силсилакитоби «Ахтарони адаб» ва китобҳои дигари тозанашр, ки тавассути нашриёти «Адиб» ба табъ расидаанд, рӯзи 10 феврали соли равон, соати 10.00 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки олимону адибон, намояндагони муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои эҷодии кишвар баргузор мегардад.
Барои алоқамандони китоб дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти «Адиб» соати 8.00 шурӯъ мешавад.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






