БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН. Нашриёти «Адиб» маҷмӯаи «Ахтарони адаб»-ро иборат аз 50 ҷилд аз чоп баровард

Февраль 7, 2022 12:56

ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст дар таърихи кишвар бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби Фонди захиравии  Сарвари давлат  силсилаи китобҳои қаламкашони барҷастаи тоҷик  «Ахтарони адаб» иборат аз 50 ҷилд бо сифати баланд ба нашр расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги   Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба итмом расидани нашри силсилаи мазкур воқеаи ниҳоят фараҳбахши фарҳангӣ ва таърихӣ  мебошад. Дар ин силсилакитоб  осору ашъори  адибони тоҷик аз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то нависандагону шоирони муосири мо гирд оварда шудаанд.

Маросими рӯнамоии силсилакитоби «Ахтарони адаб» ва китобҳои дигари тозанашр, ки тавассути  нашриёти «Адиб» ба табъ расидаанд, рӯзи 10 феврали соли равон, соати 10.00 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки олимону адибон, намояндагони муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои эҷодии кишвар баргузор мегардад.

Барои алоқамандони китоб дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти «Адиб» соати 8.00 шурӯъ мешавад.

 

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Февраль 7, 2022 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад