Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 19.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар бахши татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва ташаббуси «Нури рӯшноӣ» баррасӣ шуданд. Масъалаи раванди таҳияи Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 низ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳамчунин ҷонибҳо атрофи татбиқи ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар доираи он, аз ҷумла Конфронси Душанбе– 2022 табодули назар намуданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 15 июли соли 2021 дар Душанбе ҷаласаи муштараки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Дафтари ҳамоҳангсозии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Муаррифӣ ва тасдиқи харитаи роҳи Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор» баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии мақомоти давлатӣ аз раванди таҳияи Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026, ки ҷиҳати татбиқи барномаҳои муштараки Созмони Милали Муттаҳид дар кишвари мо замина фароҳам меорад, ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас доданд.
Шоёни зикр аст, ки пешнависи ниҳоии Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор то моҳи июни 2022 омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқи баъдӣ ироа хоҳад шуд.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






