Дар Агентии содирот бо роҳбарони ширкатҳои истеҳсолкунанда ва содироткунандагони тухми мурғ машварати корӣ доир шуд

Февраль 4, 2022 15:03

ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади мусоидат ба афзоиши содироти тухми мурғ ва дарёфти бозорҳои нави тиҷоратӣ 3 феврал дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони корхонаҳои истеҳсолкунанда ва содироткунандаи тухми мурғ ҷаласаи корӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот.

Директори Агентӣ Шавкат Бобозода зикр намуд, ки бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таъмини аввалиндараҷаи талаботи бозори дохилӣ барои содирот намудани тухм дастур дода шуд.

Директори Агентӣ ба роҳбарони корхонаҳои истеҳсолкунанда ва содироткунандаи тухм тавсия дод, ки содироти тухм бо дарназардошти таъмини авалиндараҷаи талаботи бозори дохилӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ҷараёни машварат бо таклифу дархости намояндагони корхонаҳои парандапарварӣ масъалаҳои зиёд намудани истеҳсол, баланд бардоштани сифати тухм ва гӯшти мурғ, ташкили майдонҳои кишти хӯроки паранда ва корхонаҳои коркарди он, дар оянда ба роҳ мондани содироти маҳсулоти мурғӣ, инчунин  рушди иқтидорҳои содиротии соҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Инчунин зикр шуд, ки имтиёзҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд, самаранок истифода бурда, барои боз ҳам зиёд намудани содироти тухм ба давлатҳои ҳамсоя бо сифати баланд чораҷӯӣ карда шавад.

Дар охири ҷаласа аз ҷониби роҳбарони корхонаҳо пешниҳодот оид ба пешбурди фаъолият ва дастгирӣ намудани онҳо ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳои содиротӣ ва монеа эҷод накардан дар вақти интиқоли молҳои содиротӣ ироа гардиданд.

АКС: Агентии содирот

Февраль 4, 2022 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид