Дар Академияи идоракунии давлатӣ магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Академияи мазкур.
Дар ҷамъомад ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода ва устодону кормандони Академия иштирок намуданд.
Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода магистрантонро ба муносибати шомил шуданашон ба шуъбаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ва оғози дарсҳо таҳният гуфта, иброз намуд, ки “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ризоият ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Академия магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-ро таъсис дод. Ҳадаф аз ташкили магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»- омӯзиши мактаби идоракунию давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Барои ҳамаи мо, бахусус хизматчиёни давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ татбиқ менамоем, зарур аст мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯзем ва онро дар фаъолияти ҳаррӯза татбиқ намоем”.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳрӣ Олимшо зикр намуд, ки “Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне Роҳбари давлати тоҷикон гардид, ки Тоҷикистон ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор буд ва тамоми шохаҳои мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, аз уҳдаи идоракунии мамлакат намебаромаданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки воқеии вазъияти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии мамлакат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолият дар ин мақоми барои сарнавишти миллат ва давлат басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани мамлакатро ба миён гузоштанд. Мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзандаи омӯзиш буда, моро зарур аст нукта ба нукта ба хизматчиёни давлатӣ таҷрибаи бузурги давлатдории Сарвари давлатамонро омӯзонем”.
Соли 2022 ба шуъбаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» 46 нафар магистрант аз рӯи ихтисоси 1-260101 — идораи давлатӣ ва 1-23010101 — сиёсати берунӣ ва дипломатия шомил шуданд.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар бораи донистани ду забони хориҷӣ барои хизматчиёни давлатӣ таҳсилро дар шуъбаи магистратура бо се забон – забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда, магистрантон давоми як сол малакаи корӣ ва забондонии худро такмил дода, соҳиби диплом мегарданд.
Таҳсил дар магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ба болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ мусоидат менамояд.
АКСҲО: Академияи идоракунии давлатӣ











«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид






