Дар Бохтар доир ба пешгирии омилҳои хатарзои террористӣ машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар дар мавзӯи “Ихтилофи ақидавӣ ва амалии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ-динии ифротии муосир бо исломи суннатӣ (мазҳаби ҳанафӣ)” бо иштироки васеи намояндагони ташкилоту идораҳо ва корхонаву муассисаҳо машваратии вилоятӣ баргузор гардид, хабар доданд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба АМИТ “Ховар”.
Дар машварат муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовини аввали сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фирдавс Холиқзода, диншинос Нуруллоҳ Қамар ва дигар масъулин ширкат доштанд.
Дар оғози ҳамоиш аз таъриху пайдоиши дину мазҳабҳои мухталиф, ақида ва идеологияҳои гуногун сухан гуфта, чандин масъалаҳои марбут ба дини ислом мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки дини мубини ислом тарғибгари дӯстию рафоқат, муҳаббату самимият ва башардӯстию инсонпарварӣ мебошад, аммо мутаассифона, баъзе одамон ин ҳамаро дуруст сарфаҳм нарафта, дар зери ниқоби ислом ба терроризму экстремизм даст мезананд, ки оқибати хуб ба бор намеоварад.
Иштирокчиён зикр карданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо дилхоҳ давлат эҳтимоли бо хатар рӯ ба рӯ шудан дорад. Норомии минтақаҳои зиёди олам, бахусус буҳрони печидаи кишвари ҳамсоя- Афғонистон моро водор месозад, ки бо иродаи қавӣ ва мустаҳкам марзу буми худро ҳимоя намоем ва ба ҳеҷ ваҷҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ба намояндагони ташкилоту идораҳо, аз ҷумла ходимони дин муроҷиат карда, гуфта шуд, ки нигоҳдории амнияту осудагӣ дар ҷомеа ва пос доштани хоки ин сарзамин танҳо вазифаи мақомоти амнияту ҳифзи ҳуқуқ не, балки бар уҳдаи ҳар фарди ин меҳан мебошад.
Мувоини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ иброз дошт, ки “роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо давоми 30 соли гузашта ва ҳамчунин дастовардҳое, ки дар ин муддат ба онҳо ноил гаштем, ин нуктаи бисёр муҳимро бори дигар возеҳу равшан собит сохт, ки мардуми тоҷик метавонад дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихору сарфарозӣ Ватани муқаддаси хешро ҳифз кунад, онро боз ҳам обод намояд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад”.
АКС аз манбаъҳои боз








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






