Дар Будапешт бахшида ба 30-юмин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистон ва Маҷористон намоиши филм доир шуд

Февраль 14, 2022 15:54

ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Будапешт 11 феврал   бахшида ба 30-юмин солгарди барқарор намудани равобити дипломатии Тоҷикистон ва Маҷористон, дар Қасри кинои «Урания» асари муштараки таҳиягарон ва коргардонҳои Тоҷикистон ва Маҷористон, ки соли 1986 ба навор гирифта шудааст, филми ҳунарии «Дарвеши ланг» ба намоиш гузошта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Филми мазкур дар асоси ёддоштҳои шарқшинос ва муаррихи маҷористонӣ Арминий Вамберӣ ва таассуроти ӯ аз сафараш ба Осиёи Марказӣ дар солҳои 1863-1864, ошноии ӯ бо мардуми тоҷик, таъриху забону фарҳанг ва расму оинҳои он қисса мекунад.

Ба тамошои филм намояндагони мақомоти расмӣ, доираҳои илмӣ ва фарҳангии Маҷористон ва ҳайати дипломатии шаҳри Будапешт даъват шуда буданд.

Кинофилми бадеии «Дарвеши ланг» -ро коргардони кино ва филмноманависи тоҷик Валерий Аҳадов бо ҳамдастии коргардони маҷорӣ Киш Йожеф эҷод кардаанд.


Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон 2 июли 1992 барқарор шуданд. Муносибатҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷористон бар пояи усули дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ устуворанд. Аз замони касби истиқлолият муносибатҳои дуҷониба инкишоф ёфта истодаанд.

Тамосҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон дар сатҳҳои гуногун идома доранд.

Ҳамкорӣ бо Маҷористон дар соҳаи тиб дар ҳоли рушд қарор дошта, айни замон бештар ба хариду фурӯши доруворӣ равона карда шудааст.

 

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Февраль 14, 2022 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд