Дар Душанбе истифодаи имконияти технологияи электронӣ дар рушди соҳибкорӣ баррасӣ гардид

Февраль 3, 2022 09:11

ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо зиёд шудани шумораи ширкатҳои хусусии дар реҷаи мустақим ва бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ хизматрасонанда, хусусан дар шароити пандемия ва баъди он тиҷорати электронӣ мавқеи муҳиму устувор касб намуд. Чунин зикр шуд дар  ҳамоише, ки дар мавзӯи «Истифодаи имкониятҳои технологияи электронӣ дар рушди соҳибкорӣ», ки дар Душанбе бо ҳузури  сармоягузорону соҳибкорон ва намояндагони  ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассотсиатсияҳо, созмонҳои соҳибкорӣ ва мақомоти расмии ҷумҳурӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ иттилоъ доданд.

Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Парлумони мамлакат масъалаи тақвияти рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва рушди заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа, ҳамчунин таъмини гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар тамоми  соҳаҳоро таъкид намуданд.

Дар ҷумҳурӣ доир ба рушди тиҷорати электронӣ ва дигар самтҳои марбут ба амалисозии он тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, амалӣ мегарданд.

Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо мақомот, бахши хусусӣ ва шарикони рушд андешидани тадбирҳои зарурӣ  вобаста ба масъалаҳои ба таври кофӣ танзим намудани меъёрҳо ва талаботи марбут ба фаъолият дар соҳаи тиҷорати электронӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

Зикр шуд, ки тибқи қарори ҷаласаи 21-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ вобаста ба имконияти рушди тиҷорати электронӣ дар ҷумҳурӣ таҳлилҳо гузаронида шуда, натиҷаи онҳо якҷо бо дигар мулоҳиза, тавсияву пешниҳодот ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ пешниҳод мегардад. Аз иштирокчиёну коршиносон хоҳиш карда шуд, ки тавсияву пешнҳодоти худро вобаста ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар тиҷорати электронӣ дар ҷумҳурӣ  манзур намоянд.

Иштирокдорони  ҳамоиш доир ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», масъалаҳои миёнаравии иттилоотӣ дар ташкили тиҷорати электронӣ, зиёд намудани вазни қиёсии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ миёни харидорону фурӯшандагон дар бозори истеъмолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, саҳми сомонаҳо дар рушди тиҷорати электронӣ, хариду фурӯши доруворӣ тавассути электронӣ, бозори электронии масолеҳи сохтмонӣ ва ашёи рӯзгор, ислоҳоти андозбандӣ ва имтиёзҳо дар самти рушди тиҷорати электронӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорону сармоягузорон тавассути низоми андозбандӣ бо мақсади ҳавасмандисозии бахши хусусӣ  ва саҳми онҳо дар таъмини рушди тиҷорати электронӣ  табодули назар намуданд.

     АКСҲО: Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти ҶТ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ

Февраль 3, 2022 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд