Дар Форуми иқтисодии Арабистони Саудӣ зарфияти тиҷоратӣ ва иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон муррифӣ шуданд

Февраль 17, 2022 08:37

ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Риёз 15 феврал  бо ташаббуси Федератсияи   палатаҳои савдо ва саноати Подшоҳии Арабистони Саудӣ Форуми иқтисодӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид, ки дар он ҷониби Тоҷикистон низ иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суханронӣ дар форум Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ имконияту зарфияти иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, иқтидорҳои гидроэнергетикӣ, кишоварзӣ, саноатӣ ва сайёҳии Тоҷикистон ва инчунин имтиёзҳои фискалиеро, ки дар қонунгузории кишвар барои сармоягузорони хориҷӣ пешбинӣ шудаанд, муаррифӣ намуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ навори видеоӣ дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Дар ин ҳамоиш инчунин сафирони Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон дар Риёз, роҳбарият ва аъзои Федератсияи палатаҳои Арабистони Саудӣ, масъулони Бонки рушди исломӣ, Фонди рушди саудӣ ва намояндагони беш аз 50 ширкати бахши хусусии  кишвари иқомат ширкат варзиданд.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Февраль 17, 2022 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид