Дар Ҷидда раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд баррасӣ гардид

Февраль 9, 2022 14:51

ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҷидда Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ 7 феврал бо Президенти Бонки исломии рушд  Муҳаммад Ал-Ҷосир мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ба Президенти Бонки исломии рушд даъватномаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе баргузор хоҳад гардид, супорида шуд.

Инчунин дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд ва раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардиданд.

Бояд таъкид намуд, ки  иқдоми чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 – 2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” дар соли 2022 ҳамчун чорабинии муҳими ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои ин Даҳсола дар соли 2023 (Ню-Йорк) пешбарӣ мешавад.

Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

 

АКС: ВКХ Тоҷикистон

Февраль 9, 2022 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд