Дар ИДМ Консепсияи марҳилавии ташаккули бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати меҳнатиро навсозӣ мекунанд

Февраль 3, 2022 11:46

ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вобаста ба таҷдиди Консепсияи марҳилавии ташаккули бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ корҳо ҷараён доранд. Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба ин масъала 1 феврал дар қароргоҳи ИДМ дар Минск баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Дар нишаст намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, котиботи Шӯрои АБП ИДМ, Шӯрои сарони мақомоти муҳоҷират ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳод иштирок доштанд.

Кумитаи иҷроияи ИДМ таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаро ба аҳамияти таҳия ва такмили заминаи ҳуқуқии ИДМ дар соҳаи муҳоҷират мутобиқи Изҳороти сарони давлатҳои аъзои ИДМ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ҷалб намуда, оид ба 28 январи соли 2022 эътибор пайдо кардани Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи мусоидат ба муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишварҳои узви ИДМ маълумот дод.

Иштироккунандагони ҷаласа мулоҳизаю таклифҳои аз кишварҳо ба лоиҳаи Консепсия расидаро муҳокима намуда, ба матни ҳуҷҷат якчанд иловаю равшаниҳо ворид карданд. Ҳамчунин қарор қабул карда шуд, ки корҳо ҷиҳати коркарди ҳуҷҷатҳо идома ёфта, ҳолати ҷудогонаи консепсия иловатан омӯхта шавад.

Ёдовар мешавем, ки Консепсияи марҳила ба марҳила ташаккул додани бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ соли 2017 қабул шуда буд. Таҷдиди он дар нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи якуми (солҳои 2021-2025) Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст. Дар ҳуҷҷат вазифаҳо оид ба муайян кардани равишҳои ҳамоҳангшуда вобаста ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ ва институтсионалии истифодаи оқилонаи неруи меҳнатии давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин ҳаракати озодонаи қувваи корӣ, мутобиқсозии муҳоҷирон ба талабот ва урфу одатҳо, бо кор таъмин шудан дар ин кишварҳо пешбинӣ мешаванд.

Консепсия маҷмӯи назарҳо оид ба мақсад, принсипҳо, вазифаҳо ва марҳилаҳои ташаккули бозори умумии меҳнат, афзалият ва механизмҳои татбиқи сиёсат дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатӣ, инчунин ташкили заминаи ҳуқуқии бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати меҳнатиро фаро мегирад.

Бозори умумии меҳнат ташаккули шароит ва механизмҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар бар гирифта, дар он манфиатҳои коргарон то ҳадди баландтарин ба назар гирифта мешаванд. Ташкили он омили муҳимтарини рушди иқтисодии давлатҳои ИДМ гардида, дар заминаи судманд ба равандҳои ҳамгироӣ дар фазои Иттиҳод мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ 

Февраль 3, 2022 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
Соли 2025 дар Тоҷикистон ба ҳар гектар замин 7,3 ҳазор метри мукааб об расонида шуд
Соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор тонна зардолуи хушк содирот карда шуд
Хадамоти алоқа: Соли 2025 ҳаҷми хизматрасонии почта дар Тоҷикистон беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 3,4 миллион доллар ангури тар ва хушк содирот гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шурои диссертатсионии нав таъсис ёфт
САДА — ҶАШНЕ ТАВЪАМ БО КАЙҲОНУ СОЛШУМОРӢ ВА КИШТУ КИШОВАРЗӢ. Дар Душанбе онро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон: «Истихроҷи нафт дар мамлакат афзоиш ёфтааст»
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот» таҳия карда шуд
Аз Тоҷикистон беш аз 190 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 аз Тоҷикистон ба 64 давлати ҷаҳон молу маҳсулот содирот гардид