Дар мулоқоти Саъдӣ Қодирзода ва Рика Иши татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ бо маблағгузории БАТР баррасӣ шуд

Февраль 3, 2022 08:42

ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни татбиқи  лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд/БАТР/ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоти  Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хонум Рика Иши қарор гирифт, иттилоъ доданд дар  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».

Мусоҳибон ҳамзамон оид ба масъалаҳои марбут ба  стратегияи нави БАТР барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои нақлиёту обтаъминкунӣ, гузариш ба иқтисодиёти сабз, рақамикунонӣ ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ изҳори назар намуданд.

Мулоқот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

   АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Февраль 3, 2022 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад