Дар Норак даври якуми Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.02. 2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал дар шаҳри Норак даври якуми Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!» баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.
Фестивал аз рӯйи номинаҳои «Интермедия», «Аскиягӯӣ», «Тақлидкорӣ», «Латифагӯӣ», «Суруди ҳаҷвӣ», «Монологи ҳаҷвӣ» ва «Саҳначаи ҳаҷвӣ» доир гардид, ки дар он ҷавонону наврасони шаҳр фаъолона иштирок намуданд.
Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон дар сатҳи баланд ва дар доираи шартҳои озмун, инчунин бо мақсади ривоҷу равнақ додани фаъолияти гурӯҳҳои ҳаҷвнигорӣ, пайдо намудани чеҳраҳои нави ҳаҷвнигор, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба ҳазлу мутоиба, мусоидат дар фароғату оромиши шаҳрвандон ва ба ин васила рушди соҳаи ҳаҷву мутоиба дар шаҳр ташкил карда шуд.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак










«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






